Ҷинояткорӣ дар паноҳи шаб: боздошти беш аз 10 ҳазор нафар ноболиғон

Давоми соли 2017 ва тӯли 8 моҳи соли равон 10 ҳазору 392 нафар ноболиғон ба шуъбаҳои милитсияи пойтахт оварда шудаанд, ки 6 ҳазору 336 нафарашон хонандагони мактабҳои пойтахт ва боқимонда аз минтақаҳои кишвар мебошанд. Бино ба маълумоти РВКД ҶТ дар Душанбе, ноболиғон ба Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони ВКД барои машғул шудан […]

Asia-Plus

Давоми соли 2017 ва тӯли 8 моҳи соли равон 10 ҳазору 392 нафар ноболиғон ба шуъбаҳои милитсияи пойтахт оварда шудаанд, ки 6 ҳазору 336 нафарашон хонандагони мактабҳои пойтахт ва боқимонда аз минтақаҳои кишвар мебошанд.

Бино ба маълумоти РВКД ҶТ дар Душанбе, ноболиғон ба Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони ВКД барои машғул шудан ба оворагардӣ, талбандагӣ, боркашонӣ, ҷамъоварии маблағ дар нақлиётҳои мусофиркашонӣ, шустани нақлиёт, ташриф овардан ба марказҳои дилхушӣ, савдои кучагӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо оварда шудаанд.

Дар мулоқот бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Шариф Назарзода доир ба мавзӯи таҳлили вазъи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, махсусан хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт қайд кард, ки сухан карда, афзуд ки новобаста аз баргузории маҷмӯи чорабиниҳои профилактикӣ давоми 8 моҳи соли ҷорӣ шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон содиршуда бамаротиб афзудааст.

“Аз шумораи умумии ҷиноятҳои дар давраи 8 моҳи соли ҷорӣ ба қайд гирифташуда 7.1%-и онҳо дар давраи аз соати 06:00 дақиқаи саҳар то 12:00 дақиқаи рӯз, 9,8% дар давраи соати 12:00 дақиқаи рӯз то 18:00 дақиқаи бегоҳ, 32,9% аз соати 18:00 дақиқаи бегоҳ то 24:00 дақиқаи шаб ва 50,2% аз соати 24:00 дақиқаи шаб то 06:00 дақиқаи субҳ содир карда шудааст”, – иброз дошт ӯ.

Дар идомаи мулоқот зикр гардид, ки нишондиҳандаҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯзҳо наврасон аз назорати волидайн, омӯзгорон ва дигар табақаҳои ҷамъият дур монда, бо истифода аз назорати суст ва бетарафии атрофиён ба чунин ҷиноятҳо даст мезананд ва бо ин кирдорашон ба номи давлату миллат доғ меоранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.