Гази ба Тоҷикистон интиқолёфтаи Ӯзбекистон куҷо меравад?

То 1 сентябр аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 7 млн. 498,7 ҳазор метри мукааб гази табиӣ интиқол дода шуд, гуфта мешавад дар гузориши моҳонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон”. Маблағи гази интиқолёфта давоми моҳҳои март-августи соли ҷорӣ қариб ба 745 ҳазор доллар мерасад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

То 1 сентябр аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 7 млн. 498,7 ҳазор метри мукааб гази табиӣ интиқол дода шуд, гуфта мешавад дар гузориши моҳонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон”.

Маблағи гази интиқолёфта давоми моҳҳои март-августи соли ҷорӣ қариб ба 745 ҳазор доллар мерасад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Бино ба маълумоти корхонаи “Тоҷиктрансгаз”, истеъмолгари асосии гази Ӯзбекистон айни замон Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) мебошад, ки 80% аз ҳаҷми умумӣ ба он рост меояд.

Гуфта мешавад, боз 11 корхонаи начандон бузурги ҷумҳурӣ, аз қабили ҶС «Азиз», «Гази Регар», корхонаҳои хиштбарорӣ ва дигар корхонаҳо низ гази табиӣ гирифтаанд.

Дар корхона зикр карданд, ки бо назардошти сатҳи омодагӣ ба қабули газ, он ба дигар корхонаҳои хоҳишманд низ интиқол дода мешавад.

Аз ҷумла, дар ҳамдастӣ бо ширкати «Барқи тоҷик» масъалаи бо гази Ӯзбекистон таъмин намудани марказҳои барқу гармидиҳии пойтахт дар оғози мавсими гармидиҳӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ҳамчун масъалаи таъмини аҳолӣ бо гази табиӣ низ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дошта, лекин баъзе мушкилот, аз ҷумла омодагии зербино ҷой дорад, ки вақти муайяни ҳалли худро металабад.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи санади имзошуда байни мақомоти масъули интиқолу қабул ва тақсими гази кишварҳо, соли 2018 Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бо нархи 120 доллар барои 1 ҳазор метри мукааб ба маблағи умумии 15,1 млн. доллар наздики 126 млн. метри мукааб гази табиӣ интиқол медиҳад.

Дар навбати худ, Тоҷикистон дар ин давра ба Ӯзбекистон ба маблағи зиёда аз 22 млн. доллар беш аз 1,1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот намуд. Интиқоли барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон аввали моҳи апрел баъди қариб танаффуси даҳсола аз сар гирифта шуда, ҳаҷми содироти он ба кишвари ҳамсоя на камтар аз 1,5 млрд. кВт/соат дар як сол пешбинӣ мешавад.

Қаблан Душанбе ва Тошканд дар мавриди нархи интиқоли барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба мувофиқа расида буданд. Дар мавсими тобистон Ӯзбекистон барқро бо арзиши 2 сенти амрикоӣ барои 1 кВт/соат ва дар мавсими зимистон – 2,5 сент барои 1 кВт/соат мехарад.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми муомилоти мол низ байни кишварҳо босуръат дар ҳоли афзоиш аст. Тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 175 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 маротиба зиёдтар аст.

Ҳаҷми воридоти молу маҳсулот аз Ӯзбекистон ба ҷумҳурии мо беш аз 77 млн. доллар ва ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя зиёда аз 96 млн. долларро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.