“Daily Mail” доир ба мижгонҳои дарози тоҷики 11-сола маълумот дод

Муин Баҷонаев – писараки 11-солаи тоҷик ҷаҳониёнро бо мижгонҳои дарозаш  мафтун кардааст. Дар бораи ин писараки беҳамтои тоҷик ҳатто  рӯзномаи “Daily Mail”-и Бритониё  навиштааст. Бино ба иттилои хабаргузории Sputnik Тоҷикистон, ӯ писараки  оддиест, аммо мижгонҳои дароз ва абрӯвони аҷибаш лоиқи ворид шудан ба Китоби рекордҳои Гинесс мебошанд. Ҳоло дарозии мижгонҳои Муин  4,3 сантиметрро ташкил карда, […]

Наим Халимов

Муин Баҷонаев – писараки 11-солаи тоҷик ҷаҳониёнро бо мижгонҳои дарозаш  мафтун кардааст. Дар бораи ин писараки беҳамтои тоҷик ҳатто  рӯзномаи “Daily Mail”-и Бритониё  навиштааст.

Бино ба иттилои хабаргузории Sputnik Тоҷикистон, ӯ писараки  оддиест, аммо мижгонҳои дароз ва абрӯвони аҷибаш лоиқи ворид шудан ба Китоби рекордҳои Гинесс мебошанд. Ҳоло дарозии мижгонҳои Муин  4,3 сантиметрро ташкил карда, торафт дароз мешаванд.

Худи писарак мегӯяд, ки бо доштани ин ҳама хосиятҳои зоҳирии ғайриоддӣ худро хуб ҳис мекунад, дар худ чизи зиёдатиеро намебинад ва мехоҳад, ки касе ба миҷгонҳои дарози вай аҳамият надиҳад.

“Ман ҳам мисли дигарон зиндагӣ мекунам ва мижгонҳоямро нигоҳубини махсус намекунам. Худро роҳат ҳис мекунам, бо онҳо аллакай одат кардаам”, – мегуяд вай.

Айни замон дарозии мижгонҳои Муин ба 4,5 сантиметр расида, ӯ аллакай дар Китоби рекордҳои Россия сабт шудааст, лекин барои сабт дар Китобҳои рекорди Гинннес  мижгонҳои ӯ бояд то 7 сантиметр дароз шаванд, зеро бо дарозии мижгонҳои 6,99 сантиметр Стюарт Миллер байни мардон пешсаф аст.

Соҳиби дарозтарин мижгон дар дунё як зани чинӣ Ю Ҷансия мебошад, ки дарозии мижгонҳояш 12,4 см мебошанд.

Гуфта мешавад, Муин 11-сола буда, соли 2010 хонаводааш аз Тоҷикистон  ба Маскав кӯчидаанд. Муин дар академияи “Спартак”  футболбозӣ мекунад ва мехоҳад бозингари беҳтарин шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.