Манъи муваққатии ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи нақби “Хатлон”

Asia-Plus

Ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар дохили нақби “Хатлон” (собиқ “Чормағзак”), ки дар роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб – Хоруғ воқеъ аст, аз санаи 29 то 30 сентябри соли 2018 муваққатан манъ мешавад.

Бино ба маълумоти Ваозорати нақлиёти ҷумҳурӣ, ин рӯзҳо дар нақб ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии иштироккунандагони ҳарақат дар роҳ, пешгирии сабабҳои ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ корҳои профилактикӣ гузаронида мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин рӯзҳо тавассути ағбаи “Чормағзак” ба роҳ монда мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ин нақб аввали моҳи июли ҳамин сол низ тақрибан ба муддати як моҳ манъ шуда буд. Он вақт бар асари заминларза дар чанде аз қитъаҳои роҳ фурӯравии хок ба амал омада, корҳои таъмиру барқарорсозӣ сурат гирифт.

Амалисозии лоиҳаи сохтмони нақби «Чормағзак» моҳи марти соли 2010 оғоз гардид. Лоиҳа аз ҷониби ширкати чинии «Чайна Роуд» аз ҳисоби қарзи ҳукумати Чин амалӣ шуд. Арзиши умумии лоиҳа наздики 300 млн. сомонӣ (тақрибан 70 млн. доллар бо қурби ҳамонвақта)-ро ташкил дод.

Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақб масофаи роҳи Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб дар муқоиса бо масофаи роҳи Душанбе – Бохтар – Кӯлоб 100 километр камтар шуд. Масофаи умумии нақб 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад. Аввали соли 2014 бо қарори ҳукумат, нақби «Чормағзак» ба нақби «Хатлон» табдили ном кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.