Манъи муваққатии ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи нақби “Хатлон”

Ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар дохили нақби “Хатлон” (собиқ “Чормағзак”), ки дар роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб – Хоруғ воқеъ аст, аз санаи 29 то 30 сентябри соли 2018 муваққатан манъ мешавад. Бино ба маълумоти Ваозорати нақлиёти ҷумҳурӣ, ин рӯзҳо дар нақб ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳифзи ҳаёт ва […]

Asia-Plus

Ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар дохили нақби “Хатлон” (собиқ “Чормағзак”), ки дар роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб – Хоруғ воқеъ аст, аз санаи 29 то 30 сентябри соли 2018 муваққатан манъ мешавад.

Бино ба маълумоти Ваозорати нақлиёти ҷумҳурӣ, ин рӯзҳо дар нақб ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии иштироккунандагони ҳарақат дар роҳ, пешгирии сабабҳои ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ корҳои профилактикӣ гузаронида мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин рӯзҳо тавассути ағбаи “Чормағзак” ба роҳ монда мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ин нақб аввали моҳи июли ҳамин сол низ тақрибан ба муддати як моҳ манъ шуда буд. Он вақт бар асари заминларза дар чанде аз қитъаҳои роҳ фурӯравии хок ба амал омада, корҳои таъмиру барқарорсозӣ сурат гирифт.

Амалисозии лоиҳаи сохтмони нақби «Чормағзак» моҳи марти соли 2010 оғоз гардид. Лоиҳа аз ҷониби ширкати чинии «Чайна Роуд» аз ҳисоби қарзи ҳукумати Чин амалӣ шуд. Арзиши умумии лоиҳа наздики 300 млн. сомонӣ (тақрибан 70 млн. доллар бо қурби ҳамонвақта)-ро ташкил дод.

Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақб масофаи роҳи Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб дар муқоиса бо масофаи роҳи Душанбе – Бохтар – Кӯлоб 100 километр камтар шуд. Масофаи умумии нақб 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад. Аввали соли 2014 бо қарори ҳукумат, нақби «Чормағзак» ба нақби «Хатлон» табдили ном кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.