Тафтиши иловагии парвандаи милитсионерҳои дар шиканҷаи сокини Ёвон дастдошта

Прокуратураи генералии Тоҷикистон қарор дар бораи рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ оид ба шиканҷаро, ки аз ҷониби сокини ноҳияи Ёвон Шаҳбоз Аҳмадов шикоят шуда буд, бекор кард. Мақомоти назоратӣ Прокуратураи ноҳияи Ёвонро уҳдадор кард, ки санҷиши иловагии далелҳои сокини маҳаллиро гузаронад. 31-уми июли соли 2018 сокини ноҳияи Ёвон Шаҳбоз Аҳмадов барои дастрас кардани ёрии […]

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Прокуратураи генералии Тоҷикистон қарор дар бораи рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ оид ба шиканҷаро, ки аз ҷониби сокини ноҳияи Ёвон Шаҳбоз Аҳмадов шикоят шуда буд, бекор кард. Мақомоти назоратӣ Прокуратураи ноҳияи Ёвонро уҳдадор кард, ки санҷиши иловагии далелҳои сокини маҳаллиро гузаронад.

31-уми июли соли 2018 сокини ноҳияи Ёвон Шаҳбоз Аҳмадов барои дастрас кардани ёрии ҳуқуқӣ ба Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муроҷиат намуд.

Ба гуфтаи номбурда, ӯ аз 16 то 20-уми июли соли 2018 дар ШВКД-и ноҳияи Ёвон ғайриқонунӣ нигоҳ дошта шуда, ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дучор гардидааст. Муроҷиаткунанда тасдиқ намуд, ки ӯро бо дасту пой зада ва бо қувваи барқ шиканҷааш додаанд. Ба гуфтааш, дарди сахти ҷисмониро тоқат накарда, ба он иқрор кардааст, ки барқасдона бо корд шахсро зада, ба ӯ зарари ванини ҷисмонӣ расонидааст. Ин амалҳо ба нишонаи ҷиноятҳое мувофиқ меоянд, ки моддаи 110, қисми 1-и КҶ ҶТ (Барқасдона расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) муқаррар намудааст.

Аммо аллакай 20-уми июл ӯро ба хона раҳо карданд, чун шахсияти нафаре, ки дар ҷиноят гумонбар дониста мешуд, маълум гардид. Худи ҷабрдида, ки дар беморхона қарор дошт, дар симои Аҳмадов нафари ҳуҷумкунандаро надид. Ҳамин тавр, Аҳмадов Ш. дар мавриди содир гардидани ҷинояте, ки «софдилона иқрор шуда буд», бегуноҳ баромад.

Наҷмиддинов С. Ш. – ташхисгари бахши байниноҳиявии ташхиси судӣ-тиббӣ барои ноҳияҳои Ҷомӣ, Хуросон ва Ёвон, ки Аҳмадов муроҷиат карда буд, 25.07.2018 чунин хулоса баровард: «… Дар бадани Аҳмадов Ш. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар шакли харошидагӣ ба мушоҳида расиданд… Хислати ҷароҳатҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки онҳо дар натиҷаи истифода аз асбобҳои кунд ва сахт эҳтимол рӯзи 17-уми июли соли 2018 ба вуҷуд омадаанд».

6-уми августи соли 2018 Прокуратураи ноҳияи Ёвон аз рӯи аризаи адвокат дар бораи амалҳои ғайриқонунии кормандони милитсияи ШВКД-и ноҳияи Ёвон нисбати Аҳмадов Ш. санҷиши муқаддамотӣ оғоз намуд. Дар натиҷа, бо сабаби он, ки дар амалҳои милисаҳо таркиби ҷиноят муайян нагардид, дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ қарор бароварда шуд.

Дар натиҷаи фаъолияти адвокат, 17-уми августи соли 2018 Прокуратураи генералии ҶТ маводҳои парвандаро талаб карда гирифт ва онҳоро омӯхта, қарор дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятиро бо ин асос бекор намуд: «… бо сабаби ғайриқонунӣ будан ва саросемавор қабул шудан».

Парванда боз барои тафтиши иловагӣ ба Прокуратураи вилояти Хатлон ирсол карда шуд. Эътилоф нақша дорад дар ҳамкорӣ бо адвокат тамоми ваҷҳу далелҳоро пешниҳод намояд, то нафароне, ки дар истифодаи шиканҷа гунаҳгоранд, ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.