Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори ҷаласа сарони давлатҳои иштирокчӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, муовини Раиси девони вазирони  Туркманистон Пурлӣ Агамуродов ва Раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев иштирок карданд.

Сипас кори Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзо ва меҳмонони ҳамоиш ҷараён гирифт.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи Иттиҳод, натиҷаи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳод ва мавзуъҳои асосии дигар, аз қабили қабули таъмини амният ва чораҷӯии фаврӣ бар зидди таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии ғайриқонунии силоҳ, ҳалли мушкилоти масъалаҳо оид ба таъмини амният дар қисми ҷанубии Иттиҳод, интихоби раёсати Иттиҳод дар соли 2019 ва дигар мавзуъҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, сиёсати ҷавонон, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар ин давра бо ҷонибдории кишварҳои аъзои Иттиҳод бастаи калони санадҳо омода шуда, барои рушди шарикии гуманитарӣ қарорҳои дахлдор қабал гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод, барои дар сатҳи баланд ташкил кардани Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳод ва пазироию меҳмоннавозии самимӣ, баҳои баланд доданд. 

Дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчунин Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев ва Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Россия Валентина Матвиенко иштирок  ва суханронӣ карданд.

Дар интиҳои кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як қатор қарорҳо ба имзо расид.

Дар бораи натиҷаҳои кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон изҳорот доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...