Бонки миллӣ иҷозатномаи боз як ширкати аудиториро бозхонд

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон ширкати “Тоҷик Аудит Консалтинг”-ро аз рӯйхати ташкилотҳои аудиторӣ хориҷ намуд. Ин ширкат ба аудит (санҷиш)-и ташкилотҳои қарзии хурд машғул буд.

“Ширкат бинобар пешниҳод кардани хулосаи аудитории носаҳеҳ, риоя накардани қисми талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ ва Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ҳангоми гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ аз рӯйхат хориҷ шуд”, – омадааст дар маълумоти дафтари матбуоти Бонки миллӣ.

Гуфта мешавад, ҶДММ “Тоҷик Аудит Консалтинг” аз 3 октябри соли равон аз Рўйхати ташкилотҳои аудиторие, ки дорои ҳуқуқи гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ дар Тоҷикистон мебошанд, хориҷ карда шудааст.

Қаблан санаи 14 сентябр Бонки миллӣ иҷозатномаи ду ширкати баргузории аудит (санҷиш)-и ташкилотҳои қарзӣ – ширкатҳои “Аудитории Ш.Адолат” ва “БМҶ Аудит”-ро бозхонд карда буд. Барои ҳамин гуна камбудиҳо соли гузашта ширкати “Грант Торнтон” низ аз Рӯйхати ширкатҳои аудиторӣ хориҷ шуда буд.

Айни замон 10 ширкати аудиторӣ дар рӯйхати БМТ зикр шудаанд, ки ба онҳо барои гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ иҷоза дода шудааст: ҶДММ «Tоҷ-Аудит», ЧДММ «Делойт ва Туш», ҶДММ «Консультант аудит», ҶДММ «БДО», ҶДММ «Аудит-Консалтинг», ҶДММ «Бейкер Тилли Тоҷикистон», «Кроу Хорват ЭЙСИҶИ», ҶДММ «РСМ Тоҷикистон», ҶДММ «КРЕСТОН АС» ва Ernst & Young Ford Rhodes Sidat Hyder.

Боз як ширкати дигар – “Шарқ-Аудит” ба баргузор намудани аудити ташкилоҳои қарзии хурд ҳуқуқ дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...