Ду моҳ муҳлат ба журналист Хайрулло Мирсаидов барои пардохти ҷарима

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Суди шаҳри Хуҷанд аризаи журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидовро дар бораи дароз кардани муҳлати пардохти ҷарима дар ҳаҷми 80 ҳазор сомонӣ баррасӣ намуд. Ин ҷарима тибқи қарори ҳайати мушовараи зинаи таҷдиди назар (кассатсионӣ)-и суди вилояти Суғд пардохт мешавад.

Худи журналист ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки 10 рӯз пеш дар бораи тамдиди муҳлати пардохти ҷарима ариза додааст. Ба мурофиа журналистонро роҳ надода, он пушти дарҳои пӯшида баргузор шуд.

Судяи суди шаҳри Хуҷанд Эраҷ Ализода дар бораи боз ду моҳ дароз кардани муҳлати пардохти ҷаримаи Хайрулло Мирсаидов қарор содир намуд.

Агар ҷарима баъди ду моҳ пардохт нашавад, ӯ дубора ба ҳабс гирифта хоҳад шуд.

“Ман барои он ариза навиштам, ки алҳол ин миқдор маблағро дар даст надорам. Ҳеҷ ҷое кор намекунам, дар хонаи падарам зиндагӣ дорам, оилаи мо аллакай 124 ҳазор сомонӣ пардохт намуд ва бо ҳамин сабаб ман тамдиди муҳлати пардохтро дархост намудам. Қарорҳои содиршудаи суди шаҳри Хуҷанд ва суди вилояти Суғдро ғайриқонунӣ шуморида, аз болояшон ба зинаи назоратӣ шикоят бурдам. Агар лозим шавад, то суди байнулмилалӣ муроҷиат мекунам”, – гуфт Хайрулло Мирсаидов.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори ҳайати мушовараи суди вилояти Суғд аз 22 август, Хайрулло Мирсаидов аз толори суд озод карда шуд.

Суди вилоят ҷазо нисбати Мирсаидовро аз рӯи ҳамаи се модда, ки қаблан тибқи онҳо ба ӯ аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд айбнома пешниҳод шуда буд, тағйир дод.

Аз ҷумла моддаҳои 245 ва 345 (маҳрумият аз озодӣ) ба ҷарима дар ҳаҷми наздики 80 ҳазор сомонӣ ва моддаи 346 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба корҳои ислоҳӣ иваз карда шуданд.

Иҷрои корҳои ислоҳӣ маънои онро дорад, ки Хайрулло Мирсаидов дар ҷойи дилхоҳаш кор карда метавонад ва 20% аз ҳаҷми музди меҳнаташро муддати 2 сол ба буҷети давлатӣ пардохт мекунад.

Суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июл рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндон маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои азхудкунӣ ё камомади маблағ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва дидаву дониста додани маълумоти бардурӯғ гунаҳкор эътироф гардид.

Пас аз содир шудани ҳукми суд оилаи Мирсаидов ба сифати ҷуброни зиёни муайяншуда аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ба нафъи давлат 124 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...