Тоҷикистон бе гандуми Қазоқистон монда метавонад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Қазоқистон масъалаи минбаъд даст кашидан аз содироти зироати ғалладона ва коркарди пурраи ҳосили ҷамъоварда дар дохили кишварро баррасӣ доранд.

“Кишвар ба чор баробар афзуданиҳаҷми  истеҳсоли орд имкон дорад. Яъне ба тамоми зироати ғалладонаи дар кишвар истеҳсолшуда, на содироти он ба сифати ашёи хом”, – изҳор доштааст ба Forbes.kz роҳбари Ассостсиатсияи истеҳсолкунандагони орд ва нонпазони вилояти Қарағанда Дос-Мукасан Таукебаев.

Ӯ қайд кардааст, ки айни замон 70%-и орди истеҳсолшуда ба Афғонистон фиристода шуда, ҳамчунин қисмати зиёди содирот ба Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон низ рост меояд.

“Захираи афзоиши ҳаҷми коркради зироати ғалладона дар корхонаҳои кишвар бузург аст, зеро таъминоти корхонаҳо бо иқтидори пурраи фаъолият назаррас нест. Агар корхонаҳо харидор ёбанд, аз тамоми иқтидор истифода бурда, истеҳсоли солонаро чор маротиба зиёд карда метавонанд”, – изҳори итминон кардааст Таукебаев.

Яъне коркарди беш аз 20 млн. тонна зироати ғалладона дар як сол – ҳамаи ҳаҷми гандуми истеҳсолшуда дар кишвар (ҳосили соли 2017 – 21,7 млн. тоннаро ташкил дод).

Таносуби воридоти орду гандум ба Тоҷикистон

Орд ва гандумро Тоҷикистон қариб пурра аз Қазоқистон ворид мекунад. Дар ҳамин ҳол, солҳои охир воридоти орд коҳиш ёфта, воридоти гандум баръакс меафзояд. Ин ба дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нав оид ба коркарди гандум вобаста аст, ки айн замон қариб 90%-и талаботи кишвар ба ордро таъмин мекунанд.

Ҳамин тариқ, соли 2014 ба Тоҷикистон 189 ҳазор тонна, соли 2015 – 140 ҳазор ва тӯли 9 моҳи соли равон – ҳамагӣ 25 ҳазор тонна орд ворид карда шудааст.

Ҳаҷми воридоти гандум бошад, соли 2014 – 775 ҳазор, давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ – аллакай беш аз 720 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бар ин назаранд, ки орду гандум дар воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ мавқеи бештар муҳимро ишғол мекунанд.

Тибқи маълумоти Вазорат, давоми соли равон нархи орд дар бозорҳои кишвар устувор боқӣ мондааст.

Моҳи сентябри ҳамин сол нархи 1 халта орд (50 кило)-и навъи аввали истеҳсоли ватанӣ 148 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2% камтар аст. Арзиши чунин ҳаҷми орди навъи аввали истеҳсоли Қазоқистон 155 сомониро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...