Дар Кӯлоб пахши барномаҳои радиои маҳаллӣ оғоз гардид

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Дар назди шабакаи телевизиони “Кӯлоб” нахустин радиои маҳаллӣ ба кор даромад.

Он бо дастгирии ҳукумати кишвар ва Куммитаи давлатии телевизиону радиои ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз намуда, пахши нахустин барномаҳои “Радиои Кӯлоб” зери мавҷи 101 санаи 14 октябр сурат гирифт.

“Айни замон мавҷҳои радио танҳо шаҳри Кӯлоб ва қисмате аз ноҳияи Восеъро фаро мегиранд. Минбаъд ният дорем, ки мавҷҳои радиоро фарогири тамоми вилояти Хатлон гардонем”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” директори “ТВ-Кӯлоб” Сафаралӣ Эргашев.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар радио 3 нафар рӯзноманигорон фаъолият дошта, аз соли нав басти воҳидҳои корӣ (штат)-и кормандон зиёд мешавад.

“Алҳол дар радио барномаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин фарҳангиву маърифатӣ ва мусиқӣ пахш мешавад. Минбаъд доираи мавзӯи барномаҳоро васеъ хоҳем кард”, – гуфт Эргашев.

Айни замон дар минтақаи мазкур мавҷҳои радиоҳои ҷумҳуриявии “Садои Душанбе” ва “Радиои Тоҷикистон” дастрас буда, радиои “Кӯлоб” аввалин радиои маҳаллӣ аст.

Шабакаи ТВ-Кӯлоб соли 1992 ҳамчун телевизиони хусусӣ таъсис дода шуда, соли 2002 ба тавозуни Кумитаи давлатии телевизиону радиои ҷумҳурӣ гузашт. Айни замон дар ин шабака то 70 нафар кор мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...