Дар Кӯлоб пахши барномаҳои радиои маҳаллӣ оғоз гардид

Дар назди шабакаи телевизиони “Кӯлоб” нахустин радиои маҳаллӣ ба кор даромад. Он бо дастгирии ҳукумати кишвар ва Куммитаи давлатии телевизиону радиои ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз намуда, пахши нахустин барномаҳои “Радиои Кӯлоб” зери мавҷи 101 санаи 14 октябр сурат гирифт. “Айни замон мавҷҳои радио танҳо шаҳри Кӯлоб ва қисмате аз ноҳияи Восеъро фаро мегиранд. Минбаъд ният […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Дар назди шабакаи телевизиони “Кӯлоб” нахустин радиои маҳаллӣ ба кор даромад.

Он бо дастгирии ҳукумати кишвар ва Куммитаи давлатии телевизиону радиои ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз намуда, пахши нахустин барномаҳои “Радиои Кӯлоб” зери мавҷи 101 санаи 14 октябр сурат гирифт.

“Айни замон мавҷҳои радио танҳо шаҳри Кӯлоб ва қисмате аз ноҳияи Восеъро фаро мегиранд. Минбаъд ният дорем, ки мавҷҳои радиоро фарогири тамоми вилояти Хатлон гардонем”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” директори “ТВ-Кӯлоб” Сафаралӣ Эргашев.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар радио 3 нафар рӯзноманигорон фаъолият дошта, аз соли нав басти воҳидҳои корӣ (штат)-и кормандон зиёд мешавад.

“Алҳол дар радио барномаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин фарҳангиву маърифатӣ ва мусиқӣ пахш мешавад. Минбаъд доираи мавзӯи барномаҳоро васеъ хоҳем кард”, – гуфт Эргашев.

Айни замон дар минтақаи мазкур мавҷҳои радиоҳои ҷумҳуриявии “Садои Душанбе” ва “Радиои Тоҷикистон” дастрас буда, радиои “Кӯлоб” аввалин радиои маҳаллӣ аст.

Шабакаи ТВ-Кӯлоб соли 1992 ҳамчун телевизиони хусусӣ таъсис дода шуда, соли 2002 ба тавозуни Кумитаи давлатии телевизиону радиои ҷумҳурӣ гузашт. Айни замон дар ин шабака то 70 нафар кор мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.