Боздошти ҷияни Толиб Айёмбеков ва 4 нафар дӯстони ӯ дар ВМКБ барои муқобилият ба кормандони милитсия

Дар посгоҳи Бидури ноҳияи Шуғнон рӯзи 15 октябр кормандони милитсия панҷ нафарро барои муқобилият ва итоат накардан ба дастурҳо боздошт намуданд, хабар медиҳад шабакаи телевизиони ВМКБ. Дар гузориши телевизионӣ қайд мешавад, ки кормандони милитсия автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2110”-ро бо рақамҳои транзитӣ дар посгоҳи БДА-и ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон боздошт мекунанд. Ронандаи автомашина ба талаботи кормандони БДА […]

Дар посгоҳи Бидури ноҳияи Шуғнон рӯзи 15 октябр кормандони милитсия панҷ нафарро барои муқобилият ва итоат накардан ба дастурҳо боздошт намуданд, хабар медиҳад шабакаи телевизиони ВМКБ.

Дар гузориши телевизионӣ қайд мешавад, ки кормандони милитсия автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2110”-ро бо рақамҳои транзитӣ дар посгоҳи БДА-и ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон боздошт мекунанд. Ронандаи автомашина ба талаботи кормандони БДА дар мавриди пешниҳоди ҳуҷҷатҳо итоат накарда, барои фирор аз ҷойи ҳодиса талош мекунад.

“Ронанда мошинро ба сатми дигар гардонида гурехтанӣ мешавад, вале як корманди БДА худро болои он мепартояд. Бо вуҷуди ин, ронанда мошинро нигоҳ надошта, корманди милисаро болои қисмати пеши мошинаш то 300 метр бурдааст. Дар ниҳояти кор кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мошинро манъ ва ронандаву чор нафар мусофирони онро боздошт мекунанд”, – қайд мешавад дар гузориш.

Миёни боздоштшудагон Абдураҳмон Айёмбекови 21-сола ҳузур дорад, ки додарзодаи Толиб Аёмбеков, яке аз пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ мебошад. Ҳамроҳи ӯ ронанда Навоӣ Бодурови 31-сола, Амид Давлатҷонови 30-сола, Мақсад Мазорови 32-сола ва Фахриддин Давлатови 26-сола низ боздошт шуданд.

“Ташхис нишон дод, ки ҳамаи боздоштшудагон дар ҳолати сархушӣ аз машрубот қарор дошта, аз дохили автомашина низ миқдори зиёди машрубот дарёфт шуд”, -зикр мегардад дар гузориши телевизионӣ.

https://www.youtube.com/watch?v=AngCNn8teqw

Абдураҳмон Айембеков додарзодаи яке аз пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ Толиб Айёмбеков аст. Падари Абдураҳмон – Оқил Айёмбеков ҳамроҳи ронандаи Толиб Айёмбеков – Ҳамза Муродов баъди рӯйдодҳои соли 2012 дар Хоруғ барои куштори генерал Абдулло Назаров, он замон сардори Раёсати КДАМ Тоҷикистон дар ВМКБ, мутаносибан ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум шуданд.

Қобили зикр аст, ки Толиб Аёмбеков дар қатори Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Ёдгор Шомусалламов, Мунаввар Шанбиев ва Хурсанд Мазориев аз ҷумлаи пешвоёни ғайрирасмии ВМК шуморида мешаванд, ки дар вилоят нуфузи зиёд доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.