Обуҳавои софу офтобӣ то кай дар Тоҷикистон боқӣ мемонад?

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Сокинони Тоҷикистон то охири мохи октябр бемалол метавонанд аз обуҳавои софу беғубор ва офтобӣ баҳра баранд.

Тавре аз Агентии обуҳвошиносӣ дар ин робита хабар доданд, чунин вазъи обуҳаво то охири моҳ боқӣ монда, баъзан тағйирёбии он дар назар аст, лекин ҳарорат мусоид ва то ба 24 дараҷа гармӣ мерасад.

Бино ба иттилои манбаъ, барфи аввал дар шаҳру навоҳии тобеи марказ ва минтақаи ҷануби кишвар моҳи декабр пешбинӣ мешавад, лекин ин пешгӯии дақиқ нест.

“Охири моҳи октябр мо ба Маскав меравем ва сипас пешгӯӣ бештар дақиқтар хоҳад шуд. Пешгӯиҳои дарозмуҳлатро мо бо ҳамтоёни маскавии худ омода месозем”, – шарҳ дод ба “Азия-Плюс” сардори Маркази пешгӯии гидрометеорологии Агентии гидрометеорологии Тоҷикистон Ҷамила Убайдуллоева.

Обуҳавошинсон хабар медиҳанд, ки шурӯъ аз имрӯз ҳарорати ҳаво ба болоравӣ оғоз намуда, то 24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ду рӯзи оянда ҳавои абрноки бебориш дар назар буда, шабона 1-3  ва рӯзона 16-18  дараҷа гарм мешавад.

 Рӯзҳои истироҳат обуҳавошиносон дар вилояти Суғд обуҳавои беборишро пешгӯӣ намуда, ҳарорат шабона 3-8 дараҷа ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон муддати ду рӯзи наздик обуҳавои бебориш пешбинӣ гардида, ҳарорат дар водиҳо шабона 5-19 ва рӯзона 22-23 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ аксаран обуҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.