Сафири Украина дар Тоҷикистон аз мансаб барканор шуд

Президент Пётр Порошенко Виктор Никитюкро аз мансаби сафири Украина дар Тоҷикистон ва ҳамзамон сафирм Украина дар Афғонистон барканор намуд. Фармони дахлдор дар ин хусус дар сомонаи президенти Украина нашр шудааст. “Никитюк Виктор Олегович аз вазифаи сафири Украина дар Тоҷикистон ва ҳамзамон сафири Украина дар Афғонистон озод карда шавад”, – гуфта мешавад дар санад. Дар бораи […]

Президент Пётр Порошенко Виктор Никитюкро аз мансаби сафири Украина дар Тоҷикистон ва ҳамзамон сафирм Украина дар Афғонистон барканор намуд. Фармони дахлдор дар ин хусус дар сомонаи президенти Украина нашр шудааст.

“Никитюк Виктор Олегович аз вазифаи сафири Украина дар Тоҷикистон ва ҳамзамон сафири Украина дар Афғонистон озод карда шавад”, – гуфта мешавад дар санад.

Дар бораи ному насаби сафири нав дар ин мансаб алҳол маълумот дода нашудааст.

Виктор Никитюк 30 августи соли 2012 аз ҷониби президенти пешини Украина Виктор Янукович сафири ин кишвар дар Тоҷикистон таъин шуда буд. Қаблан ин вазифаро аз соли 2007 Вячеслав Похвалский (қароргоҳ дар Тошканд) ишғол мекард.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Украина 24 апрели соли 1992 роҳандозӣ шуданд.

Аз соли 1999 дар Киев Намояндагии савдои Тоҷикистон фаъолият дошта, моҳи декабри соли 2010 дар пойтахти Украина сафоратхонаи Тоҷикистон боз шуд.

Тавофуқ дар бораи ифтитоҳи дуҷонибаи намояндагиҳои дипломатӣ ва марказҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистону Украина зимни сафари расмии президенти Украина Виктор Юшенко моҳи марти соли 2008 ҳосил шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.