Ҳайати парлумонии Ӯзбекистон бори нахуст ба Тоҷикистон ташриф меорад

Ҳайати парлумонии Ӯзбекистон таҳти сарварии раиси Кумитаи сенати ин кишвар оид ба масоили мудофиа ва амният, роҳбари Гурӯҳи дӯстии парлумони Ӯзбекистон бо парлумони Тоҷикистон Фаррух Додохӯҷаев нимаи моҳи ноябр ба Душанбе ташриф меорад. Тавре ба “Азия-Плюс” роҳбари Гурӯҳи дӯстии парлумони Тоҷикистон бо парлумони Ӯзбекистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Зуфар Исмоилзода хабар дод, сафари ҳайати […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳайати парлумонии Ӯзбекистон таҳти сарварии раиси Кумитаи сенати ин кишвар оид ба масоили мудофиа ва амният, роҳбари Гурӯҳи дӯстии парлумони Ӯзбекистон бо парлумони Тоҷикистон Фаррух Додохӯҷаев нимаи моҳи ноябр ба Душанбе ташриф меорад.

Тавре ба “Азия-Плюс” роҳбари Гурӯҳи дӯстии парлумони Тоҷикистон бо парлумони Ӯзбекистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Зуфар Исмоилзода хабар дод, сафари ҳайати парлумонии кишвари ҳамсоя бори нахуст дар доираи тавофуқҳои ҳосилшуда байни сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев сурат мегирад.

Қобили зикр аст, ки Гурӯҳи дӯстии парлумони Тоҷикистон бо парлумони Ӯзбекистон аввали солҳои 2000-ум таъсис ёфта, гурӯҳи ба ин монандро ҷониби Ӯзбекистон аввали соли равон таъсис дод.

Зимни сафари ҳайати парлумони Ӯзбекистон ба Душанбе ҷонибҳо ният доранд, ки масъалаҳои ҳамкории мутақобила дар самти қонунофарӣ, табодули таҷриба ва роҳандозии робитаҳои мустақим байни вакилони мардумиро баррасӣ кунанд.

Ҳамчунин дар назар аст, ки охири сол ҳайати парлумониии Тоҷикистон низ бо сафари ҷавобӣ ба Ӯзбекистон меравад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.