Чӣ гуна Путинро дар Тошканд пешвоз гирифтанд (видео)

Президенти Россия Владимир Путин шаби рӯзи панҷшанбе бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон ташриф овард. Дар Фурудгоҳи байнулмилалии ба номи Ислом Каримов ӯро президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешвоз гирифт. Тавре хабаргузории Подробно. уз иттилоъ медиҳад, чорабиниҳои асосии сафари сарвари давлати Россия имрӯз, 19 октябр баргузор мешаванд. Дар ҳошияи сафар Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин дурнамои таҳкими […]

Президенти Россия Владимир Путин шаби рӯзи панҷшанбе бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон ташриф овард. Дар Фурудгоҳи байнулмилалии ба номи Ислом Каримов ӯро президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешвоз гирифт.

Тавре хабаргузории Подробно. уз иттилоъ медиҳад, чорабиниҳои асосии сафари сарвари давлати Россия имрӯз, 19 октябр баргузор мешаванд.

Дар ҳошияи сафар Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин дурнамои таҳкими шарикии стратегӣ ва иттиҳод, амалисозии лоиҳа ва барномаҳои нави муштарак дар доираи ҳамкории мутақобилан судмандро баррасӣ намуда, атрофи масоили байнулмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои сафар қабули Изҳороти муштараки сарони кишварҳо ва имзои бист санади дучониба пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин имзои шартномаҳои бузурги сармоягузорӣ ва қарордоҳои тиҷоратӣ байни корхонаҳои пешрафтаи Ӯзбекистон ва Россия ба нақша гирифта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.