Ду моҳ тамдиди муҳлати ҳабси гумонбар ба куштори Ҳувайдо

Муҳлати ҳабси гумонбар ба қатли духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода ду моҳ дароз карда шуд. Муддати се моҳ коршиносон вазъи равониву рӯҳии Александ Сёминро дақиқан муайян карда наметавонанд. “Онҳо хулосаи ниҳоӣ надоданд, чунки вазъи ӯро коршиносон ҳамчун озурдагиву парешонхотирии рӯҳии муваққатӣ арзёбӣ карданд. Лекин ин маънои онро надорад, ки ӯ рӯҳан солим аст, бинобар ин, […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Муҳлати ҳабси гумонбар ба қатли духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода ду моҳ дароз карда шуд. Муддати се моҳ коршиносон вазъи равониву рӯҳии Александ Сёминро дақиқан муайян карда наметавонанд.

“Онҳо хулосаи ниҳоӣ надоданд, чунки вазъи ӯро коршиносон ҳамчун озурдагиву парешонхотирии рӯҳии муваққатӣ арзёбӣ карданд. Лекин ин маънои онро надорад, ки ӯ рӯҳан солим аст, бинобар ин, ӯро ба ташсхиси такрорӣ мефиристанд. Коршиносон ваъда доданд, ки аввал ӯро аз чунин вазъ раҳо карда, сипас ташхиси такрорӣ мегузаронанд”, – хабар додааст Олга Устюжанина, адвокати оилаи Ҳувайдо.

“Ӯ худро бемор вонамуд мекунад. Рафторҳои ӯ баъди куштор гувоҳи онанд, ки марди комилан солимақл аст. Ҳамон рӯз ӯ ҳодисаи кушторро пинҳон нигоҳ дошт, ба ҳамсояҳо хабар дод, ки духтарчаро надидааст, ба несту нобуд кардани далелу ваҷҳҳо кӯшиш карда, онҳоро мехост аз хона бароварда, ба замин гӯр кунад. Ҳамаи ин амалҳо шаҳодат медиҳанд, ки ӯ солимақл аст”, – гуфтааст Олга Устюжанина.

Бино ба гуфтаи ӯ, Александр Сёмин дар панҷ ҳолат – се ҳолат дар парвандаи Ҳувайдо ва ду ҳолати дигар айбдор карда мешавад.

“Ӯ дар содир кардани ҷиноят мутобиқи моддаҳои “Одамкушӣ” (моддаи 105 КҶ ФР), “Таҷовуз ба номус” (моддаи 131 КҶ ФР), “Амалҳои зӯроваронаи дорои хусусияти шаҳвонӣ” (моддаи 132 КҶ ФР), “Рафтори бадахлоқона” (моддаи 135 КҶ ФР) гумонбар дониста мешавад. Мо барои ворид кардани моддаи 126 КҶ ФР “Рабудани одам” низ дархост навиштем, лекин суд ҳоло онро қабул накардааст”, – иброз доштааст адвокат.

Ҳимоягари оилаи ҷабрдида Олга Устюжанина ҳамчунин илова кардааст, ки гумонбар Александр Сёмин аз ҷазо халос шуда наметавонад.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи сентябр суди шаҳри Серпуховои вилояти Маскав муҳлати ҳабси гумонбар Александ Сёминро ба қатли духтари тоҷик Ҳувайдо ба муддати як моҳи дигар – то 22 октябр дароз карда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои кишварҳои кӯҳистони минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аҳаммияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.