Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Маскав азми сафар дорад

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо дастури раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба баррасии масоил бо Маскав дар мавриди ҳузури муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва зарурати таъмини нафақаи онҳо аз ҷониби корфармоён ҷиддӣ омодагӣ мегиранд. Ин масъалаҳои меҳварие хоҳанд буд, ки дар ҷараёни баргузории Форуми байнипарлумонии “Россия – Тоҷикистон: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ” […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо дастури раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба баррасии масоил бо Маскав дар мавриди ҳузури муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва зарурати таъмини нафақаи онҳо аз ҷониби корфармоён ҷиддӣ омодагӣ мегиранд.

Ин масъалаҳои меҳварие хоҳанд буд, ки дар ҷараёни баргузории Форуми байнипарлумонии “Россия – Тоҷикистон: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ” дар Маскав рӯзҳои 24-26 октябр мавриди баррасии ҷиддӣ қарор мегиранд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон.

Форум таҳти роҳбарии раиси Шӯрои Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки Форуми байнипарлумонии Россия ва Тоҷикистон мунтазам ҳар ду сол як маротиба гузаронида мешавад.

Ҷониби Тоҷикистон муътақид аст, ки дар ин давра форум ба як воситаи пурсамари роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд байни парлумонҳои кишварҳо табдил ёфт.

Дар ҷараёни кори форум баррасии ҷанбаҳои минтақавии ҳамкории байнипарлумонӣ, рушди робитаҳои мутақобила дар соҳаҳои гуногуни иқтисод, ҳамкориҳои гуманитарӣ, масоили сиёсати аграрӣ-озуқаворӣ дар назар аст.

Дар чаҳорчӯби кори форум ҳамчунин ҷаласаи Комиссияи байнипарлумонӣ оид ба ҳамкорӣ, мизҳои гирд ва дигар чорабиниҳо доир мегарданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.