Толиб Аёмбеков: “Дар Хоруғ силоҳ нест, агар мебуд, оташ мекушод”

Толиб Айёмбеков изҳор дошт, ки ҳамеша ҷонибдори нигаҳдории тартибот дар Хоруғ буда, имрӯз дар ҳамдастӣ бо мақомот дар мавриди пешгирии қонуншиканиҳо байни ҷавонон дар шаҳр кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ӯ қайд кард, ки имрӯз дар Хоруғ дар дасти аҳолӣ дигар силоҳи ғайриқонунӣ нигоҳдошташуда боқӣ намондааст. “Агар он вуҷуд медошат, оташ мекушод”, – хабар дод ӯ ба […]

Толиб Айёмбеков изҳор дошт, ки ҳамеша ҷонибдори нигаҳдории тартибот дар Хоруғ буда, имрӯз дар ҳамдастӣ бо мақомот дар мавриди пешгирии қонуншиканиҳо байни ҷавонон дар шаҳр кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ӯ қайд кард, ки имрӯз дар Хоруғ дар дасти аҳолӣ дигар силоҳи ғайриқонунӣ нигоҳдошташуда боқӣ намондааст. “Агар он вуҷуд медошат, оташ мекушод”, – хабар дод ӯ ба “Азия-Плюс” тариқи телефон.

Аммо, ба гуфтаи Айёмбеков ахиран ӯ дар шаҳри Хоруғ чунин ҳодисаҳоро дар хотир надорад.

Қобили зикр аст, ки Толиб Аёмбеков дар қатори Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Ёдгор Шомусалламов, Мунаввар Шанбиев ва Хурсанд Мазориев аз ҷумлаи пешвоёни ғайрирасмии ВМК шуморида мешаванд, ки дар вилоят нуфузи зиёд доранд.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки ҷиянаш Абдураҳмон Айёмбеков, ки рӯзи 15 октябр ҳамроҳи чор ҷавони дигар барои итоат накардан ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда буд, баъдтар озод карда шудааст.

“Дар автомашинае, ки ронандааш ба кормандони БДА итоат накард, ӯ танҳо мусофир буд. Абдураҳмон ҳушёр буда, ба намояндагони ҳокимият ҳеҷ гуна муқобилияте нишон надодааст”, – изҳор намуд Толиб Айёмбеков.

Ҳамчунин ӯ таъкид дошт, ки субҳи имрӯз писараш ва ҷиянаш Абдураҳмон Айёмбеков ихтёрӣ барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рафтанд. “Алҳол намедонам, ки дар кадом воҳиду дар куҷо хизмат хоҳанд кард”, – афзуд ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.