Сармураббии “Регар” айбдори занозанӣ дар майдони футбол

Баъди анҷоми бозии аввали даври нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои “Регар-ТадАз”-и шаҳри Турсунзода ва “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар майдон байни футболбозони ҳарду даста ҷанчолу занозании дастаҷамъона рух дод. Кумитаи назорати интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ин ҳодисаро мавриди баррасӣ қарор дода, сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ” Маҳмадҷон Ҳабибуллоевро аз иштирок бо даста дар 10 бозӣ маҳрум […]

Баъди анҷоми бозии аввали даври нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои “Регар-ТадАз”-и шаҳри Турсунзода ва “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар майдон байни футболбозони ҳарду даста ҷанчолу занозании дастаҷамъона рух дод.

Кумитаи назорати интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ин ҳодисаро мавриди баррасӣ қарор дода, сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ” Маҳмадҷон Ҳабибуллоевро аз иштирок бо даста дар 10 бозӣ маҳрум ва дар ҳаҷми 2,5 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, нисбати футболбозони дастаи “Регар-ТадАЗ” Фирӯз Раҳматов, Саидамири Саидаҳмад ва Наврӯз Рустамов, ҳамчунин бозигари дастаи “Хуҷанд” Манучеҳр Аҳмедов низ чораҳои маҳрумият аз иштирок дар бозиҳо ва ҷарима андешида шудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 17 октябр дар бозии аввали даври нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон дастаи “Хуҷанд” дар меҳмонӣ бар дастаи “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1 бар 0 ғолиб омад. Бозии ҷавобӣ рӯзи 21 октябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Ба гуфтаи шоҳидон, баъди анҷоми бозӣ, вақте ки мухлисон варзишгоҳро тарк мекарданд, як гурӯҳ футболбозони дастаи “Регар” бо сарварии сармураббӣ Ҳабибуллоев ба майдон даромада, ба лату кӯби футболбозони дастаи меҳмон оғоз мекунанд.

Дар натиҷа Манучеҳр Аҳмедов, Фарҳод Тоҳиров ва дарвозабони хуҷандиҳо, легионер Алексей Матросов, ки аз Эстония омадааст, осеб мебинанд.

“Вақте ки Матросов ба замин афтод, ӯро лагадкӯб карданд. Аз эҳтимол дур нест, ки майнаи сари ӯ зарб хӯрда бошад”, – хабар медиҳанд мухлисон.

Лекин мухлисони дастаи “Регар-ТадАЗ” дар навбати худ изҳор медоранд, ки меҳмонон бо таҳқирҳояшон сармураббии соҳибони майдонро ба қонуншиканӣ водор намудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.