Толиб Аёмбеков: “Дар Хоруғ силоҳ нест, агар мебуд, оташ мекушод”

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Толиб Айёмбеков изҳор дошт, ки ҳамеша ҷонибдори нигаҳдории тартибот дар Хоруғ буда, имрӯз дар ҳамдастӣ бо мақомот дар мавриди пешгирии қонуншиканиҳо байни ҷавонон дар шаҳр кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ӯ қайд кард, ки имрӯз дар Хоруғ дар дасти аҳолӣ дигар силоҳи ғайриқонунӣ нигоҳдошташуда боқӣ намондааст. “Агар он вуҷуд медошат, оташ мекушод”, – хабар дод ӯ ба “Азия-Плюс” тариқи телефон.

Аммо, ба гуфтаи Айёмбеков ахиран ӯ дар шаҳри Хоруғ чунин ҳодисаҳоро дар хотир надорад.

Қобили зикр аст, ки Толиб Аёмбеков дар қатори Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Ёдгор Шомусалламов, Мунаввар Шанбиев ва Хурсанд Мазориев аз ҷумлаи пешвоёни ғайрирасмии ВМК шуморида мешаванд, ки дар вилоят нуфузи зиёд доранд.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки ҷиянаш Абдураҳмон Айёмбеков, ки рӯзи 15 октябр ҳамроҳи чор ҷавони дигар барои итоат накардан ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда буд, баъдтар озод карда шудааст.

“Дар автомашинае, ки ронандааш ба кормандони БДА итоат накард, ӯ танҳо мусофир буд. Абдураҳмон ҳушёр буда, ба намояндагони ҳокимият ҳеҷ гуна муқобилияте нишон надодааст”, – изҳор намуд Толиб Айёмбеков.

Ҳамчунин ӯ таъкид дошт, ки субҳи имрӯз писараш ва ҷиянаш Абдураҳмон Айёмбеков ихтёрӣ барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рафтанд. “Алҳол намедонам, ки дар кадом воҳиду дар куҷо хизмат хоҳанд кард”, – афзуд ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...