Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Маскав раҳсипор шуд

Иттилоияи расмӣ

Субҳи имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати парламентии ҳамроҳонаш тибқи даъвати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко барои иштирок дар Форуми шашуми байнипарламентии «Россия – Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» бо сафари корӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия рафт.

Тавре Наврӯз Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО хабар дод, сафари кории Маҳмадсаид  Убайдуллоев дар шаҳри Москва то 26 октябри соли равон идома ёфта, тибқи барномаи сафар Раиси Маҷлиси миллӣ пагоҳ дар кори Форум ширкат ва суханронӣ менамояд.

Дар доираи Форум мулоқоти Раиси Маҷлиси миллӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин дар назар дошта шудааст.

Мавриди зикри хос аст, ки Форуми VI байнипарламентии «Россия – Тоҷикис­тон: нерӯи ҳамкории байни­­мин­тақавӣ» таҳти раёсати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гардида, дар кори он  аъзои Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералӣ, роҳбарият ва аъзои Ҳукумати Федератсияи Россия, субъектҳои он ва доираи васеи соҳибкорони ҳарду кишвар ширкати фаъолона меварзанд.

Дар ҳошияи Форум баргузории ҷаласаҳои Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ва панҷ мизҳои мудаввар оид ба мавзуъҳои: Такмили асосҳои ҳуқуқӣ – омили муҳимми ҳамкориҳо, Такмили раванди муҳоҷирати меҳнатӣ – тақозои замон, Рушд ва такмили ҳамкориҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ, Оид ба вазъи ҳамкориҳо дар соҳаҳои аграрӣ, саноати хӯрокворию маҳсулотбарорӣ (истеҳсоли саноатии молҳо) ва тадбирҳои иловагӣ доир ба такмили минбаъдаи онҳо, Вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои иҷтимоию гуманитарии Россия ва Тоҷикистон: илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, доир мегарданд.

Дар ҷаласаи пленарии Форум муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия – Вазири молияи Федератсияи Россия, Раиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Антон Силуанов, Вазири маориф ва илми Федератсияи Россия Олга Василева, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Александр Горовой, Губернатори вилояти Кемеровои Федератсияи Россия Сергей Цивилев, Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катерин, вакили Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Евгений Примаков, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳиф­зи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тагойзода ва Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода суханронӣ менамоянд.

Ширкаткунандагони Форуми навбатии байнипарламентӣ таваҷҷуҳи махсусро ба такмилу таҳкими асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳо, ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ, рушди тиҷорату иқтисод ва дигар самтҳои дахлдори тарафайн тавассути  истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда равона хоҳанд кард

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.