Ифтитоҳи намоишгоҳи расмҳо дар Пекин бахшида ба зебоии занони тоҷик

Дар қароргоҳи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин таҳти унвони “Арӯси тоҷик” намоишгоҳи мусаввараҳои рассоми маъруфи Чин Ян ЯЯ ифтитоҳ гардид. Намоишгоҳ ба зебоии занони тоҷик бахшида шудааст, ки Ян Яя барои таҷассуми он дар корҳои офаридаи худ кӯшиш ба харҷ додааст. Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Дабири кулли СҲШ Рашид Олимов қайд кардааст, ки […]

Дар қароргоҳи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин таҳти унвони “Арӯси тоҷик” намоишгоҳи мусаввараҳои рассоми маъруфи Чин Ян ЯЯ ифтитоҳ гардид.

Намоишгоҳ ба зебоии занони тоҷик бахшида шудааст, ки Ян Яя барои таҷассуми он дар корҳои офаридаи худ кӯшиш ба харҷ додааст.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Дабири кулли СҲШ Рашид Олимов қайд кардааст, ки рассоми ҷавон зимни фатҳи қуллаҳои Помир дар Тошқӯрғон (Ноҳияи Мухтори Синтзян-Уйғур, Чин) дар баландии 4 ҳазор метр бо одамони софу дилкушод ва ҳамбаста бо табиат зиндагидошта – тоҷикон вохӯрда, барои худ олами пур аз равшании офтоб ва муҳаббати бузургро кашф кардааст.

Гуфта мешавад, яке аз расмҳои офаридаи Ян Яя “Арӯси тоҷик” ба намоишгоҳ номгузорӣ шудааст.

Рассоми Чин аз малоҳату дилфиребиаш аз зебоии занони тоҷик сухан гуфта, ҳамроҳ бо Дабири кулли СҲШ аз расми асосии намоишгоҳ – “Арӯси тоҷик” парда бардоштанд. Намояндаи махсуси Чин оид ба умури СҲШ, сафир Сун Литсе қайд кардааст, ки ин расм ба эҳсоси самимият, дарки анъана ва расму оинҳои мардуми тоҷик имкон медиҳад.

Ҳамчунин Ян Яя ҳамчун туҳфа ба Котиботи СҲШ расми “Дугонаҳо”-ро тақдим намуд, ки дар он симои ҳашт чавонзанони кишварҳои узви Созмон таҷассум ёфта, аз дӯстӣ ва бовари умумии духтарон ба ояндаи нек гувоҳӣ медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.