БАТР баҳри рушди тиҷорати байнулмилалӣ ва соҳибкории занон 2 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар доираи Барномаи мусоидат ба рушди тиҷорат ва “Занон дар тиҷорат”ба ҶСП “Аввалин Бонки молиявии хурд” 2 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад. БАТР тариқи маблағгузорӣ ва ташкили барномаҳои омӯзишӣ рушди савдои байнулмилалӣ дар Тоҷикистонро фаъолона дастгирӣ намуда, мисоли барҷастаи он ифтитоҳи хати нав оид ба маблағгузории тиҷорат барои ҶСП “Аввалин […]

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар доираи Барномаи мусоидат ба рушди тиҷорат ва “Занон дар тиҷорат”ба ҶСП “Аввалин Бонки молиявии хурд” 2 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.

БАТР тариқи маблағгузорӣ ва ташкили барномаҳои омӯзишӣ рушди савдои байнулмилалӣ дар Тоҷикистонро фаъолона дастгирӣ намуда, мисоли барҷастаи он ифтитоҳи хати нав оид ба маблағгузории тиҷорат барои ҶСП “Аввалин Бонки молиявии хурд” хурд мебошад.

Гуфта мешавад, 1 млн. доллар – дар доираи маблағгузорӣ ба тиҷорати байнулмилалӣ ва боз 1 млн. доллари дигар – ба дастгирии соҳибкорӣ байни занон равона мегардад.

Қобили зикр аст, ки амалисозии Барномаи мусоидат ба рушди тиҷорат соли 1999 оғоз гардида, ба ҳавасмандсозии савдои байнулмилаӣ бо кишварҳои амалиёти БАТР, ҳамчунин байни онҳо нигаронида шудааст.

Айни замон дар ин барнома беш аз 100 бонки шарикон аз 28 кишвари сармоягузории БАТР иштирок дошта, қарзи умумии онҳо 12 млрд. евроро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, беш аз 800 бонкҳо дар кишварҳои гуногун низ иштирокчии барнома мебошанд.

Барномаи “Занон дар тиҷорат” ба дастгирии соҳибкорӣ миёни занон тавассути пешниҳоди маблағгузории ҳадафнок, дастрасӣ ба навгониҳо, ҳамчунин дастгирии машваратии корхонаҳои хурду миёна таҳти роҳбарии занон равона шудааст.

Аз оғози фаъолият дар Тоҷикистон БАТР ба беш аз 120 лоиҳаҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисод беш аз 600 млн. евро маблағгузорӣ кардааст, ки аз он 32%-аш ба соҳаи молия рост омада, ба дастгирии соҳбкорӣ дар Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.