Владимир Жириновский ба Тоҷикистон меояд

Раиси Ҳизби либералӣ-демократии Русия Владимир Жириновский аз 31 октябр то 2 ноябр бо сафари корӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дар ҷараёни сафар вохӯрии ӯ бо чанде аз вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва раҳбарияти баъзе ҳизбҳои сиёсӣ дар назар аст, хабар дод ба “Азия-Плюс” раиси Кумитаи муносибатҳои байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси […]

Раиси Ҳизби либералӣ-демократии Русия Владимир Жириновский аз 31 октябр то 2 ноябр бо сафари корӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Дар ҷараёни сафар вохӯрии ӯ бо чанде аз вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва раҳбарияти баъзе ҳизбҳои сиёсӣ дар назар аст, хабар дод ба “Азия-Плюс” раиси Кумитаи муносибатҳои байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Олим Салимзода.

Ҳамчунин Владимир Жириновский ният дорад, ки бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқот ороста, аз Қалъаи Ҳисор боздид намояд.

Дидору гуфтушуниди раиси Ҳизби либералӣ-демократии Русия бо раҳбарияти олии Тоҷикистон ба нақша гирифта нашудааст.

Қобили зикр аст, ки сиёсатмадори рус Владимир Жириновский бо изҳороти пурсарусадоҳояш дар Тоҷикистон маъруф аст. Соли 2013 ӯ дар робита ба афзоиши нархи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки дигар Русия муҳоҷирони тоҷикро қабул накарда, дар натиҷа вазъ дар Тоҷикистон муташанниҷ ва Эмомалӣ Раҳмон чун Наҷибулло ба дор овехта мешавад.

Санаи 24 апрели ҳамон сол вакилони иҷлосияи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз ин изҳорот нигаронӣ баён намуда, раиси палата Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки гуфтаҳои Жириновский “ба ягон чаҳорчӯби ахлоқӣ ва сиёсӣ мутобиқ нестанд”. ВКХ Тоҷикистон рӯзи 23 апрели соли 2013 ба сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов дар ин робита нотаи эътирозӣ супурд.

Моҳи феврали соли 2014 Жириновский дар бораи таъсиси “ҳавзаи федералии Осиёи Миёна” изҳори назар кард. Дар ин робита Вазоратҳои корҳои хориҷии Қирғизистон ва Қазоқистон ба Русия нотаи эътирозӣ ирсол намуданд, лекин ВКХ Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳ зоҳир накард, зеро бар ин назар буд, ки ақидаи ин сиёсатмадор баёнгари мавқеи расмии ҳукумати Русия нест.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.