Оғози озмун барои навоварони ҷавон дар Тоҷикистон

Иттилоияи расмӣ

Имрӯз дар Тоҷикистон озмуни тарҳрезии лоиҳаҳо миёни ҷавонони эҷодкору навовар барои беҳтар кардани таҳсил, касбомӯзӣ ва рушди малакаҳои насли ҷавон оғоз мегардад.

Ин озмун бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

«Ҷавонон беҳтарин ихтироъкорон, эҷодкорон ва навоварон мебошанд. Мо умедворем, ки ин озмун барои дарёфти фикру пешниҳодоти инноватсионӣ аз Тоҷикистон мусоидат карда, барои ҳалли бархе аз мушкилоти ҷавонон кумак мерасонад», – гуфт Лучиано Калестини, сарвари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

Созмондиҳандагони озмун аз ҷавонон ва наврасони синнусолашон аз 15 то 24-сола даъват менамоянд, то лоиҳаҳои худро барои дарёфти роҳҳои ҳалли масоили ҷойдошта дар яке аз ин самтҳо пешниҳод созанд:

1. Чӣ гуна дастрасӣ ба донишу малакаҳоро барои а) ҷавонони дорои маъюбият; б) ҷавонон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистонӣ метавон беҳтар кард?

2. Чӣ гуна омодагии ҷавонони Тоҷикистонро ба талаботи муосири бозори меҳнат метавон беҳтар кард?

Ҷавонон ва наврасон ба дастаҳои иборат аз 3 то 5 нафар муттаҳид шуда, ба воситаи торнамои Озмоишгоҳи инноватсионӣ – www.navovar.tj дархости онлайнии иштирок дар ин озмунро фиристода метавонанд.

Дастаҳои ҷавонон баъди гузаштан аз даври интихобии озмун дар як тренинги омӯзишию амалӣ бо истифода аз усули «ПЕШСАФ» (UPSHIFT) иштирок мекунанд, ки он дар нимаи дуюми моҳи ноябри соли 2018 дар Озмоишгоҳи инноватсионии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. Дар ҷамъбасти чорабинии мазкур 5 лоиҳаи беҳтарин интихоб гардида, раванди татбиқи онҳо маблағгузорӣ ва роҳнамоӣ хоҳад шуд.

Ташаббуси глобалии «Насли имконоти номаҳдуд» дар 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистон амалӣ мешавад. Дар баҳори соли 2019 лоиҳаҳои аз ҳар як кишвар интихобшуда бо мақсади муайянсозии пешниҳодоти беҳтарин мавриди баҳодиҳии як ҳайати коршиносони байнулмилалӣ қарор мегиранд. Ин лоиҳаҳо бо маблағгузории иловагӣ таъмин шуда, барои татбиқи васеи онҳо барномаи инфиродии роҳнамоӣ фароҳам мешавад.

Иштирокдорони пирӯзшуда баҳри амалисозии муваффақонаи ташаббуси глобалии «Насли имконоти номаҳдуд» мусоидат мекунанд, ки он як шарикии фарогир ва нав буда, зимни чорабинии сатҳи баланд дар иҷлосияи 73-юми Маҷмаи Умумии СММ роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи он то соли 2030 бо таҳсили босифат, касбомӯзӣ ва шуғли муносиб таъмин кардани ҳар як ҷавон мебошад. Айни замон дар ҷаҳон 1,8 миллиард нафар ҷавонон умр ба сар мебаранд.

«Насли имконоти номаҳдуд» бо такя ба дониши коршиносони ҷавон, намояндагони ҳукуматҳо, созмонҳои бисёрҷониба, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҷалби сармоягузорӣ ба таҳсилот, рушди малакаҳо ва тавонмандсозии наврасон ва ҷавонон мусоидат мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.