Гоҳе шикоят мешавад, ки арзиши хидматрасониҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул қимат аст ё худ барои ҳама корафтодаҳо яксон нест. Мутасаддиён баръакс бар инанд, ки дуруст дарк накардани фарқияти хидматрасониҳо аҳёнан боиси пайдо шудани норозигӣ мегардад.
Таърихчаи корхона
Анҷом додани хизматрасониҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ба зиммаи Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайқриманқул” вогузор шудааст. Ин ниҳод 1-уми январи соли 2015 дар заминаи корхонаҳои “Марказзамин” ва Маркази бақайдгирии техникию истеҳсолӣ (МБТИ) дар назди Кумитаи давлатии идораи замин ва гиодезии ҷумҳурӣ ташкил шуд. Пасон як қисмати салоҳиятҳои Вазорати адлия, аз ҷумла бақайдгирии гарав ба уҳдаи ин корхонаи навтаъсис вогузор карда шуд. Ба ибораи дигар, шуруъ аз ҳамон сол тамоми амалиёти бақайдгирии замин, яъне омодасозии парвандаи замин, додани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, шаҳодатномаи техникӣ, бақайдгирии гарав ва ҳоказоро ин корхона иҷро мекунад. Корхонаи мазкур худмаблағгузор буда, кулли амалиёт дар асоси шартномаи тарафайн амалӣ мешаванд.гирад
“Гуноҳ” аз кист?
Баҳсҳо дар атрофи гӯё гуногун будани нархнома барои айнан як навъи хидматрасонӣ маҳз аз ин ҷо маншаъ мегирад, ки тибқи шартнома корҳои аз ҷониби мутахассисони ин идора анҷомдодашаванда ройгон нестанд. Мушаххасан, баъзан деҳқонон ва дигар заминистифодабарандагон изҳори норозигӣ аз он менамоянд, ки ҳангоми омодасозии парвандаҳои замин пардохтҳо мухталифанд.
Ҷамшед, сокини ноҳияи Дӯстӣ, нақл кард, ки ҳангоми ҳуҷҷатгузории қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ӯ маблағи зиёдтар ва аз нафари дигар айнан барои масоҳати замини баробар бо замини ӯ, яъне шаш садяк маблағи камтар гирифтанд.
Зимнан, ӯ иддао кард, ки нафарони дигари норозиро ҳам вохӯрдааст. Вале ба мо муяссар нагашт, ки онҳоро пайдо кунем ва ҳамроҳашон суҳбат анҷом диҳем.
Сайнуриддин Шарифзода, директори КФД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Панҷ, ин мушкилро дар огоҳии нокифояи мардум медонад. Ба қавли ӯ, тайи ду моҳи охир ба системаи ягонаи автоматикунонии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул гузаштан ҳам боиси дар муддати кӯтоҳ иҷро шудани кори шаҳрвандон гаштааст ва ҳам имкон фароҳам овардааст, ки шаффофияти муҳосибӣ беш аз пеш таъмин шавад. “Ҳаққи хизматрасонии корхона аз тарафи шаҳрванд тибқи шартнома пардохт карда мешавад. Он дар доираи феҳрести ягонаи нархгузорӣ, ки аз тарафи Кумитаи давлатии идораи замин ва гиодезии ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо дигар сохторҳои давлатӣ таҳия шудааст, ҳисоб карда мешавад. Баъзан нофаҳмиҳое вобаста ба фарқияти маблағи хизматрасонӣ ба миён меояд, ки ин аз ҳисоби ҷойгиршавии гуногуни қитъаи замин, масоҳати он ва миқдори кунҷҳои ҳисобшаванда ба вуҷуд меояд. Аммо мувофиқи низомномаи корхона ва супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ қисме аз шаҳрвандон аз имтиёз бархӯрдоранд. Масалан, ҳаққи хизматрасонии корхона барои иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробаршуда, иштирокчиёни садамаи Чернобил, иштирокчиёни ҷанги Афғонистон ва маъюбони гурӯҳи якуму дуюм 50 дарсад ва барои оилаҳои камбизоат 30 фисад кам ҳисоб карда мешавад”-, афзуд номбурда.
Диловар Содиқзода, директори КФД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Шаҳритӯс низ дар тақвияти гуфтаҳои ҳамкасбаш иброз дошт, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад аз доираи феҳристи муайяншуда берун барояд. “Мушкил дар он аст, ки нархи хизматрасонии баъзе хоҷагиҳо ё заминҳои наздиҳавлигие, ки ба маркази ноҳияҳо наздиканд, арзонтар ҳисоб мешаванд. Зеро масофаи ҷойгиршавии замин аз маркази ноҳия ба назар гирифта мешавад. Баъзе заминҳое ҳастанд, ки аз маркази ноҳия дар масофаи 50-70 километр дур ҷойгир шудаанд ва ин, албатта, ба ҳаҷми ҳаққи хизматрасонӣ таъсир мерасонад. Аз он хотир, ки кормандони мо аз воситаҳои нақлиёти шахсияшон ё такси истифода карда, ба он мавзеъ мераванд. Ин ҳама аз рӯйи тартибот ва коэфисентҳои пешбинишудаанд. Ҳамзамон, маблағҳои хизматрасонии мо аз кунҷҳои замин ҳам вобаста аст. Яъне заминҳое ҳастанд, ки бештар аз чор кунҷ доранд. Аз ин лиҳоз, ҳаҷми маблағи хизматрасонии мо гоҳе фарқ карда, зиёдтар мешавад”, – илова кард Содиқзода.
Вай, ҳамрадиф, зикр кард, ки имрӯзҳо онҳо аз рӯйи равзанаи ягона фаъолият менамояд. Яъне муроҷиаткунанда ҳуҷҷатҳои худро ба шуъбаи қабул месупорад ва ба хотири таъмини шаффофият бо мутахассисони бақайдгиранда рӯ ба рӯ намешавад. Пас аз баррасии ҳуҷҷатҳо ва омода шудани парванда ё шаҳодатномаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқи истифодаи замин шаҳрванд тариқи телефон огоҳ карда мешавад. Маблағи хизматрасониро шаҳрванд ба шуъбаи “Амонатбонк” месупорад. Ба хотири роҳ наёфтани амалҳои коррупсионӣ тамоми кори мутахассисон, аз ҷумла бақайдгирандагон ва шуъбаи қабул тариқи камераҳои назоратӣ ҳам аз тарафи роҳбари корхона ва ҳам аз ҷониби роҳбари ҷумҳуриявӣ назорат карда мешавад.
Талоше барои шаффофият
Гуфтанист, ки бо дастгирии лоиҳаи USAID “Оид ба рушди бозори ҳуқуқи истифодаи замин” КФД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и 13 шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо тамоми таҳҷизоти электронию коммуникатсионӣ таъмин карда шуда, мутахассисон ба чанд давраи омӯзишӣ фаро гирифта шуданд, ки ин ҳама ба хотири сари вақт ва бидуни ғараз баррасӣ шудани муроҷиатҳои шаҳрвандон буд. Манзури мо, ҳамакнун усули равзанаи ягона ва тавассути камераҳо мушоҳида шудан дар аксар шаҳру навоҳии вилоят татбиқ шудааст.
Гузашта аз ин, дар 12 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон марказҳои дастгирии ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд, ки ба деҳқонону заминистифодабарандагон кӯмакҳои бевоситаи ҳуқуқӣ мерасонанд.
Саҳмдоронро гоҳе фанд мекардаанд
Аз суҳбатҳои телефоние, ки бо роҳбарони ин марказҳои ҳуқуқӣ доштем, хулоса шуд, ки тӯли як соли охир вобаста ба хизматрасонии КФД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” аз тарафи заминистифодабарандагон ба унвонии онҳо ягон шикоят ворид нашудааст. Бо вуҷуди ин, мутасаддиёни марказҳои болозикр ба хотири роҳ наёфтани амалҳои коррупсионӣ ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои муайянеро роҳандозӣ кардан доранд.
Толиб Амониён, роҳбари Маркази дастгирии ҳуқуқии ноҳияи Қубодиён, гуфт: “Мо дар як моҳ чанд маротиба ба саҳро рафта, барои хоҷагидорону саҳмдорон мизҳои гирд ва суҳбатҳои озод ташкил мекунем. Аз рӯйи мушоҳидаи мо, норозигӣ вобаста ба ҷудо кардани саҳми замин ҳоло ҳам кам нашудааст, ки ин ба фаъолияти корхонаҳои бақайдгирӣ ками андар кам рабт дорад. Мо роҳҳои ҳуқуқии ба даст овардани саҳмашонро ба саҳмдорон мефаҳмонем. Ҳастанд ҳолатҳое, ки роҳбарони хоҷагиҳо намехоҳанд, саҳми замини саҳмдоронро ҷудо карда диҳанд ва ё бо протоколҳои қалбакӣ онҳоро аз саҳмашон маҳрум кардаанд. Дар ин гуна ҳолатҳо мо аз болои онҳо ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон муроҷиат мекунем, ки дар 99 дарсади ҳолатҳо мо мурофиаҳоро ба фоидаи саҳмдорон ҳал мекунем”.
Нуралӣ Шарифов, роҳбари Маркази дастгирии ҳуқуқӣ дар ноҳияи Ёвон, мегӯяд, ки баъзан барои гирифтани маълумоте, ки ба баҳсҳои судӣ дахл дорад, корхонаҳои бақайдгирӣ ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд. Яъне дар муҳлати зарурӣ маълумотномаро пешниҳод намекунанд.
Дар ҳамин ҳол, Ҷумъабой Назаров, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз он шикоят дорад, ки ҳуқуқи дароз кардани муҳлати истифодаи замини хоҷагии деҳқониашро, ки аз ҳисоби заминҳои захиравии ноҳия будааст, мутасаддие поймол кардааст. Яъне вақте ки вай ба як нафар корманди КФД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳияи А.Ҷомӣ муроҷиат кардааст, он корманд ба ҷойи кӯмаки соҳавӣ расонидан замини Ҷумъабойро ба номи падари худаш ҳуҷҷатгузорӣ кардааст. «Ба Қодир Уллаев муроҷиат карда будам. Ӯ шахси масъули идораи номбурда дар деҳаи мо, яъне “Навбаҳор” мебошад. Ба ў гуфтам, ки мехоҳам шартномаи заминро ба муҳлати 10 соли дигар дароз кунам. “Шумо саргардон нашавед. Фақат як ариза навишта, ба ман диҳед, дигарашро зуд ҳал мекунам”, – ваъда дод ӯ. Аз байн ду моҳ гузашт. Аз ӯ натиҷаи кор пурсидам. Гуфт, ки “Аризаро гум кардам. Аз нав ариза навис”.
Аз байн боз 6 моҳ гузашт, аммо Уллаев ҳоло ҳам баҳона меҷӯст.
Дар ин давра маҳсули меҳнатамон самари дилхоҳ дод. Яъне аз ҳар гектар пахтазор 32-сентнерӣ ҳосил ба даст овардем. Заминро ҳам аз ғӯзапоя тоза карда, шудгор намудем. Аммо, афсӯс ки бо гузашти 8 моҳ аз суҳбати аввалинамон бо Уллаев вай ҳуҷҷатҳоро ба номи падараш сабт кардааст”, – изофа кард Ҷ. Назаров.
Бояд гуфт, ки ин баҳс, ҳарчанд чанд моҳ қабл дар матбуоти даврӣ дарҷ шудан, то имрӯз ҳалли пурраи худро наёфтааст.
Ҳуқуқи хеш бояд донист!
Умедҷон Шарифов, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва рушди ҷомеаи деҳот”, ки бевосита бо заминистифодабарандагон кор мебарад, дар як мизи гирд дар шаҳри Бохтар дар атрофи мушкилоти марбут ба замин суҳбат кард. Ӯ гуфт: “Дар рафти семинару суҳбатҳо дар шаҳру ноҳияҳо мо мушоҳида кардем, ки имрӯз деҳқонон, аз он ҷумла деҳқонзанон бо якчанд мушкилӣ рӯ ба рӯянд. Аввалан, дар самти ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ. Ин мушкилиҳоро аслан шахсони алоҳидаи мутасаддии мақомот шояд аз надонистани қонун ё каммасъулиятӣ ба вуҷуд меоранд. Бахусус, дар деҳот дар ин самт масъалаҳои ҳалталаб ниҳоят зиёд аст. Масалан, баъзе нафароне ҳастанд, ки собиқаи зиёди кор дар колхозу совхозҳои даврони шӯравӣ доранд. Баъди таҷдиди колхозу совхозҳо ва ба миён омадани хоҷагиҳои деҳқонӣ аз саҳм ва қитъаи замин маҳрум шуда, аъзои ягон хоҷагии деҳқонӣ нестанд.
Дар баъзе ноҳияҳо дар раванди таҷдиди колхозу совхозҳо мардум ба замин дигар муносибат дошт. Яъне намедонистанд, ки онҳо метавонанд саҳмашонро гиранду хоҷагии худро ташкил диҳанд. Ҳамон замон аз нофаҳмии мардум истифода бурда, имзояшонро гирифтаанд, ки гуё ихтиёран аз саҳмашон даст кашидаанд. Имрӯз ин нафарон даъво мекунанд, ки саҳмашон барқарор карда шавад. Даъвоҳои аксари кулли нафарони фиребхӯрда бо кӯмаки ҳуқуқшиносон ва мақолаҳои матбуоти даврӣ қонеъ карда шуда, саҳмашон барқарор карда шудаанд”.
Камбудии дар назари аввал назарногир
Дар мавриди нархномаҳои КФД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”- и шаҳру навоҳии вилоят гуфтанием, ки ҳангоми сафарҳои хизматӣ мушоҳида кардаем, ки дар даромадгоҳҳо корхонаҳо нархномаҳои хизматрасониҳо насб шудаанд. Вале онҳо ё бо хати хурд навишта шудаад, ё хеле баланд овезон карда шудаанд. Аз ин рӯ, на ҳар кас метавонад ба хотири гумони ғайр набурдан бо онҳо шинос шавад.
Аз мост, ки бар мост?
Ба истиснои ҳолатҳои коррупсионие, ки гоҳе мақомоти марбута ба қайд мегиранд, ҷой доштани маблағситонии барзиёд дар гумон аст. Зеро, дар истинод ба мусоҳибони болозикр, он ҳама тадорукот (равзанаи ягона, надидани бақайдгиранда ва муроҷиаткунанда якдигарро, назорати кори кормандон бо камера…) маҳз ба хотири роҳ наёфтани тақаллубкорӣ матраҳ шудаанд. Аммо ин ки аз надонистани ҳуқуқҳои хеш иддаи каме аз шаҳрвандон гоҳе худ ҷониби ашхоси ришвахор майл мекунанд, камбудии фардиест, ки ниёз ба ислоҳ дорад. Чун дар сурати риояи вақти қонунан муайяншуда зимни таҳияи ҳуҷҷатҳои заминдорӣ дигар ҳеҷ ниёзе ба “тағобозӣ” намемонад”.


