Оши палав, асалу харбуза ва шириниҳои миллӣ. Намоишгоҳи пуршукӯҳ дар Қасри Арбоб

Asia-Plus

Дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, дар тантанаҳои Фестивали «Оши палав», «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ» иштирок кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо кишоварзони зарофар аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навъҳои гуногуни меваю сабзавот ва полезиҳои шаҳдбор, аз қабили  харбуза, тарбуз, каду, себ, ангур, нок, хурмо, анор ва меваи хушкро ба маъраз гузоштанд. Ҳамчунин аз ҷониби кормандони Иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот ва корхонаҳои хӯроквории вилоят намоиши маҳсулоти нонӣ ва 27 намуди ширинии миллӣ, ба монанди ҳалвои кунҷитдор, наботи «Муфассал», парвардаи «Ковок», нишолло ва ғайра ташкил карда шуд.

Ҳамчунин дар  ин намоишгоҳ занбӯрпарварони 12 шаҳру ноҳияҳои вилоят навъҳои гуногуни асал ва прополисро ба  маъраз гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта занбӯрпарварони вилоят аз 52 ҳазору 250 оилаи занбӯр 1 ҳазору 360 тонна асал истеҳсол карданд. Имсол ният доранд, ки ин нишондодро ба 1 ҳазору 500 тонна расонанд.  Занбӯрпарварон мегӯянд, шароит ва иқлими шаҳру ноҳияҳои вилоят барои рушди ин соҳаи сердаромад басо мувофиқ мебошад.

Тавре ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, дар вилояти Суғд 67 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ ба парвариш ва истеҳсоли маҳсулот машғул буда, соли 2018  бо истифода аз таҷрибаи пешрафта дар майдони беш аз 227 ҳазор гектар кишти зироати гуногунро ба роҳ монданд.

Имрӯзҳо хоҷагидорон дар баробари таъмини бозори дохилӣ ҳамзамон маҳсулоти кишоварзиро ба хориҷи кишвар содирот мекунанд. Аз ҷумла, соли равон наздики 80 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили пиёз, зардолу, ангур, меваи хушк ва ангур содирот карда шуд. Айни замон дар вилоят 72 ҳазор гектар боғ ва 11 ҳазор гектар токзор мавҷуд аст.

Дар ҷойи баргузории «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ» пирамида, хаймаҳо, катҳои миллӣ, нуқтаҳои намоиши харбузабурӣ, маҳсулоти аз харбуза коркардшуда дар маъраз буд. Дар доираи ин чорабинии бошукӯҳ озмун ва мусобиқаҳо бо шарту шароити шавқовар гузаронида шуданд. Аз ҷумла, озмуни зуд хӯрдани харбуза миёни ҷавонон басо ҷолиб буд.

Дар ҳамин рӯз ҳамчунин даври ниҳоии Фестивали «Оши палав» баргузор гардид, ки дар он беҳтарин ошпазҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, дар 30 дег таоми миллии мардуми тоҷик- оши палавро  омода карданд.

Аз ҷумла,  барои меҳмонон ва ҳакамони озмун намудҳои гуногуни оши палави миллӣ, ба монанди «Оши палав бо биринҷи девзираи Панҷакент», “Оши палав бо биринҷи кенҷа», «Оши палав бо гӯшти кабк», «Бедона палав», “Оши палав бо кабки кӯҳӣ”, «Оши палав бо равғани зағир ва тухми харбуза», «Оши палав бо қазӣ», «Оши палав бо кишмиш», «Оши палав бо тухми бедона» ва «Оши палав бо гӯшти мурғи марҷон» омода карда шуд.

Дар охири чорабинӣ ба иштирокчиёни беҳтарини Фестивали «Оши палав ва шириниҳои миллӣ» аз рӯи панҷ номинатсия: «Ошпази беҳтарин», “Ошхӯри беҳтарин”, “Хаймаи беҳтарин”, “Фолклори беҳтарин” ва “Қанноди беҳтарин” мукофотҳои молию пулӣ тақдим карда шуд.

Бояд гуфт, ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи «Оши палав»-и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардид.

Ба муносибати ташрифи Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни Қасри Арбоб ҳунари адрасбофии дастӣ ва маҳсулоти тарроҳону пардозгарони либосҳои миллӣ, гулдӯзону зардӯзон, қолинбофон, чӯбтарошон, наққошону рассомон, оҳангарону мисгарон, устоҳои асбоби миллии мусиқӣ, зарфҳо ва ашёи рӯзгор ба намоиш гузошта шуд.

Дар охир барномаи рангини ҳунарӣ, ки таърихи рушди санъати атлас ва адрасбофиро тавассути саҳнаҳо инъикос менамуд, аз рӯи шартҳои озмун муайян шуданд. Ба иштирокчиёни муваффақ ва ғолиб барои бофтани атласу адраси хушсифат ҷоизаҳо муайян карда шуда буд, ки онро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...