Омодагирии ИМА ба сафарбарии 5 ҳазор сарбоз ба марз бо Мексика

Date:

Вазорати мудофиаи ИМА барои фиристодани панҷ ҳазор сарбоз ба ҷануби ғарби Амрико – ба марзи ин кишвар бо Мексика – омодагӣ мебинад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин тасмим дар робита ба наздикшавии корвони паноҳандагон гирифта шудааст, ки ният доранд, ҳаққи иқоматро дар ИМА пайдо кунанд. Корвон ба марзи ИМА наздик мешавад.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Бо истинод ба навиштаи расонаҳо гуфта мешавад, 5 ҳазор сарбоз баробари се яки шумори умумии кормандони гумруки Амрикост, ки дар гузаргоҳҳои марзӣ фаъолият мекунанд.

Вазорати дифои ИМА ибтидои соли ҷорӣ наздики 2 ҳазор сарбоз ба марзи Мексика фиристода буд.

Корвони паноҳандагон, ки тавассути ҳудуди Мексика ба марзи ИМА наздик мешавад, таваҷҷуҳи расонаҳоро ҷалб кардааст. Ин муҳоҷирон аз кишварҳои ҳамсояи Мексика ҳастанд. Ҳукумати Мексика барои қисме аз ин муҳоҷирон ҷойи кор ва манзил пешниҳод кард.

Мақомоти Амрико ҳам гуфтанд, барои онҳое, ки ба паноҳгоҳи фаврӣ эҳтиёҷ доранд, кумак мекунанд. Аммо ҳам мақомоти Мексика ва ҳам мақомоти Амрико гуфтанд, наметавонанд ба ҳамаи паноҳандагон ёрӣ расонанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...