Пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ ба сайру саёҳати Тоҷикистон баромаданд

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар Facebook, гурӯҳи Pamir News сурати пешвоёни ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар партави меҳмонхонаи “Тоҷикистон” дар Душанбе нашр шуда, дар он зикр мегардад, ки онҳо ба сайру саёҳати Тоҷикистон баромадаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ВМКБ дар ин робита хабар дод, Душанбеи расмӣ онҳоро ба осоишгоҳи “Баҳористон (воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд) даъват намуда, лекин на ҳамаашон ин даъватро пазируфтаанд.

“Онҳоро ба “Баҳористон” даъват карданд, лекин Мамадбоқир Мамадбоқиров ва Хурсанд Мазоров аз сафар худдорӣ карданд. Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев ва Зоир Раҷабов розӣ шуда, азми сафар карданд. То ҷое ман огаҳӣ дорам, айни замон онҳо дар Душанбе мебошанд”, – хабар дод манбаъ, вале пешниҳоди чузъиёти дигар маълумотро рад кард.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 27 октябр дар чанде аз ВАО маълумоте нашр шуд, ки пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ ба Душанбе омада, вохӯрӣ бо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дархост кардаанд.

Гуфта мешуд, пешвоёни ғайрирасмӣ аз он норозӣ будаанд, ки “дар ВАО-и давлатӣ онҳоро роҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ном мебаранд ва онҳо ба Сарвари давлат исбот карданӣ будаанд, ки ба гурӯҳҳои мазкур ҳеҷ муносибате надоранд”.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...