Мусоидати САҲА ба пешбурди принсипҳои “иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон

Нерӯи (энергияи) барқароршаванда, технологияи сабз, ба таври самарабахш истифода намудани захираҳо ва ҳамоҳангсозии қонуни ҳифзи муҳити зист мавзӯъҳои асосии силисила омӯзишҳои Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе буданд, ки дар моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор гардиданд. Омӯзишҳо дар шаҳрҳои Бохтар, Ғарм, Хоруғ ва Хуҷанд гузаронида шуданд ва барои амалӣ намудани Ҳадафҳои рушди устувори СММ дар Ҷумҳурии […]

Иттилоияи расмӣ

Нерӯи (энергияи) барқароршаванда, технологияи сабз, ба таври самарабахш истифода намудани захираҳо ва ҳамоҳангсозии қонуни ҳифзи муҳити зист мавзӯъҳои асосии силисила омӯзишҳои Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе буданд, ки дар моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор гардиданд.

Омӯзишҳо дар шаҳрҳои Бохтар, Ғарм, Хоруғ ва Хуҷанд гузаронида шуданд ва барои амалӣ намудани Ҳадафҳои рушди устувори СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуданд. Дар рӯйдодҳои мазкур тақрибан 140 намоянда аз ҳукумати маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон ва Марказҳои Орҳус аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон иштирок карданд, ки аз ҷониби САҲА ташкил карда шудаанд.

Мудири Маркази Орҳус дар шаҳри Ғарм, Савринисо Ҳафизова гуфт: «Иштироки намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, соҳибкорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Ғарм дар тренинг хело муҳим буд. Онҳо дар барои ҳифзи муҳити зист донишҳои худро мукаммал сохтанд ва чӣ гуна дар минтақаҳои дурдасти водии Рашт истифода намудани технологияҳои сабзро аз худ карданд».

«Иштироки фаъоли иштирокчиён маро мутаассир кард. Омӯзишҳои мазкур қадамҳои амалие мебошанд, ки барои баҳтар намудани шароитҳои истифодаи самарабахши захираҳои экологӣ дар Тоҷикистон ва гузаштан ба иқтисоди сабз ва фарогир мусоидат хоҳанд кард», – гуфт тренер ва мутахассиси соҳаи ҳифзи муҳити зист аз Литва, Саулюс Смалис.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.