Moody’s нишондиҳандаҳои иқтисодии Тоҷикистонро меомӯзад

Asia-Plus

Таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Машрабзода Ҳамидулло бо намояндагони Ширкати рейтингии байналмилалии Moody’s Investors Service мулоқоти корӣ доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, ҳайати Ширкати рейтингии байналмилалии Moody’s Investors Service-ро Директори иҷроияи Гурӯҳи рейтингҳои мустақили Осиё ҷаноби Ҷин Фанг роҳбарӣ карда, инчунин дар мулоқот коршиносони ширкат Владлен Кузнетсов ва Матю Киркоста ҳамроҳӣ доштанд.

Гуфта мешавад, мулоқотро Ҳамидулло Машрабзода оғоз намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба вазъи феълии низоми бонкии ҷумҳурӣ, татбиқи ислоҳотҳо дар ин бахш, самтҳои гуногуни рушди бахши молия, имкониятҳои мавҷуда ба ҷалби сармоягузорӣ, аз ҷумла гидроэнергетика, сайёҳӣ ва бахшҳои дигари афзалиятнок ҷалб намуд.

Зимни машварат ҷонибҳо оид ба нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва рушди минбаъдаи воқеии иқтисодиёт ибрози назар намуда, масъалаҳои молиявию буҷетӣ ва иҷтимоию иқтисодиро барои баҳодиҳии рейтингии минбаъда мавриди муҳокима қарор доданд.

Намояндагони ширкати Moody’s Investors Service Ҷин Фанг ва Владлен Кузнетсов вобаста ба омӯзиш ва натиҷагирӣ аз уҳдадориҳои давлатӣ, ислоҳот дар низоми бонкӣ, захираҳои байналмилалӣ, сатҳи таваррум ва рушди иқтисодиёт дар муайянкунии рейтинг ибрози назар намуданд.

Дар идома, аз ҷониби коршиноси Ширкати Moody’s Investors Service Матю Киркоста муаррифии муфассал дар мавзӯи методологияи гузаронидани рейтинг ва омилҳои асосии муайянкунии рейтинг, аз ҷумла аз рӯи нишондиҳандаҳои суботи молиявӣ, сиёсати фискалӣ, суботи ниҳодӣ ва хавфҳои эҳтимолии ҳолатҳои ғайричашмдошт манзури ҳозирин гардонида шуд.

Дар мулоқоти мазкур роҳбарони сохторҳои калидии Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзида, оид ба муаррифии пешниҳодшуда ва самтҳои алоҳидаи муайянкунии нишондиҳандаҳои рейтингӣ фикру ақидаи худро баён карданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати Moody’s Investors Service аз соли 2013 ба роҳ мондааст ва ин ширкат рейтинги соҳибихтиёрии кишварро барои пайгирии минбаъда муайян менамояд. Ширкати рейтингии Moody’s бори аввал (барои солҳои 2013-2014) барои Тоҷикистон рейтинги “В3”-ро сазовор дониста, дурнамои онро устувор арзёбӣ намуд.

Ширкати рейтингии байналмилалии Moody’s Investors Service фаъолияти худро аз соли 1909 ба роҳ монда, ҳамчун яке аз ширкатҳои бонуфузтарини рейтингии ҷаҳонӣ шинохта мешавад. Ширкати мазкур бо ҷалби беш аз 10 000 нафар дар 26 давлати дунё фаъолият дошта, дороии он ба 3,5 млрд. доллари ИМА баробар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...