Таҳким ва тавсеъаи шабакаи таҳвилии “МегаФон Тоҷикистон” дар Бадахшон

Иттилоияи расмӣ

Муҳандисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар самти муосиркунонии шабакаи таҳвилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои муайянро ба анҷом расониданд. Чун натиҷа қобилияти гузариши шабакаҳои таҳвили маълумот беҳтар гардида, дастрасии интернети мобилӣ барои сокинони минтақа боз ҳам дастрас шуд. 

Дар соли 2018 трафики умумии интернети мизоҷони оператор дар ВМКБ афзоиши устуворро нишон медиҳад: аз моҳи якнвар то октябр он ба андозаи зиёда аз се маротиба зиёд гардид. Бинобар ин, қарор карда шуд, ки шабакаҳои магистралии таҳвили маълумот васеъ карда шаванд, то ки ҳатто ҳангоми афзоиши истифодаи хизматрасонӣ ҳар як истифодабаранда ба Шабакаи ҷаҳонӣ бо суръатҳои баландтарин баромада тавонад.

Зимни гузаронидани корҳои техникӣ мутахассисони “МегаФон” қобилияти гузариши шабакаҳои Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Нуробод, инчунин Ванҷ – Хоруғро такмил бахшиданд. Зарфияти шабакаи насли сеюм васеъ ва пойгоҳҳои нави базавии 3G дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ корандозӣ карда шуданд.

“Амалҳои сершумор оид ба васеъкунии шабакаҳои магистралӣ ба мо имкон дод, ки аз рӯйи натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли 2018 дар ВМКБ дар самти таъмини таҳвили маълумот мақоми пешсафро соҳиб гардем. Бо вуҷуди он, ки афзоиши трафики муштариён идома меёбад, сифати пайвастшавӣ ва суръат чунин хоҳад буд, ки ҳатто истифодабарандагони серталаб аз он қаноатманд мемонанд.  Мо шабакаро бо назардошти теъдоди муштариён ва сарборӣ бар манфиати мизоҷонамон бунёд менамоем”, – қайд менамояд роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ВМКБ Раим САДОНШОЕВ. 

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...