Азияти мусофирони ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон аз таъминот бо сӯзишворӣ

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳавопаймоҳои ширкатҳои Тоҷикистон муддати панҷ сол аст, ки зимни парвоз маҷбуранд дар фурудгоҳҳои кишварҳои ҳамсоя норасоӣ бо сӯзишвориашонро бароварда кунанд. Мусофирон зиёни моддиву маънавӣ дида, касе онро ҷуброн намекунад.

Ин таҷриба аз моҳи ноябри соли 2013 оғоз гардида, он замон ягона корхонаи дорои ҳуқуқи фурӯши сӯзишвории авиатсионӣ дар Тоҷикистон – “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” онро ба норасоии чунин навъи сӯзишворӣ нисбат дод, лекин баъди ин ҳам таҷрибаи дар фурудгоҳҳои дигар кишварҳо нишастани ҳавопаймоҳои Тоҷикистон барои гирифтани сӯзишворӣ идома ёфт.

Айни замон ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии давлатии “Тоҷик Эйр” дар шаҳри Бишкек ва ширкати хусусии ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар шаҳри Тарази Қазоқистон зимни парвоз дубора сӯзишворӣ мегиранд.

“Дубора зимни парвоз фуруд омадан барои гирифтани сӯзишворӣ дар навбати аввал барои мусофирон нороҳатӣ эҷод мекунад. Мо бо ин таҷриба ҳамарӯза дучорем. Лекин сабаб дар ширкати ҳавопаймоӣ нест, инро ҳама медонанд. Ин ба нархи сӯзишвории авиатсионӣ вобаста аст. Нисбат ба дигар кишварҳо ин навъи сӯзишворӣ дар кишвари мо хеле гарон аст”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Азиз Хайруллоев.

Дар натичаи ин нишастанҳои маҷбурӣ дар фурудгоҳҳои дигар кишварҳо, вақти парвоз зиёд шуда, мусофирон нороҳат ва аз хатсайрҳои транзитӣ дер мемонанд.

Нисбат ба фурудгоҳҳои Қирғизистону Қазоқистон дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон нархи сӯзишвории реактивӣ ду маротиба болотар аст.

Аз оғози соли равон арзиши сӯзишвории авиатсионӣ дар Тоҷикистн беш аз 30% боло рафта, айни замон “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” як тонна ин навъи сӯзишвориро бо нархи беш аз 1,5 ҳазор доллар (аввали сол – каме бештар аз 1,1 ҳазор доллар) мефурӯшад.

Дар “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” ин ҳолатро ба қиматшавии нафт дар биржаҳо нисбат дода, изҳор мекунанд, ки агар аввали сол як баррел нафт 52 доллар нарх дошт, пас имрӯз он ба 78 доллар расидааст.

Ҳамчунин дар ширкат қайд карданд, ки мувофиқи тағйирот дар қонунгузории Русия, айни замон барои корхонаҳои коркарди нафти ин кишвар фурӯши сӯзишворӣ дар дохили кишвар бештар фоидаовар шудааст.

То ин дам “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” аз корхонаи коркарди нафти шаҳри Орск бо шароитҳои имтиёзнок сӯзишворӣ мегирифт: Русия Тоҷикистонро зимни содироти ҳама гуна навъи сӯзишворӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ озод кард.

Акнун ин навъи сӯзишворӣ асосан аз Туркманистон ворид мешавад ва “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” ҳангоми содироти он дар ҳаҷми 5% боҷ пардохт мекунад.

Ғайр аз ин, дар ширкат аз қарздориҳои хеле зиёди ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ шикоят доранд, ки бар асари он дар воридоти мунтазами сӯзишворӣ мушкилиҳо эҷод мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...