Дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон боз қатъ шуд. Ба сомонаи Asia-Plus низ

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоиро дар Тоҷикистон рӯзи 6 ноябр ва ба сомонаи «Asia-Plus»-ро чанд рӯз пештар қатъ карданд. Дар Хадамоти алоқа ин масъаларо шарҳ намедиҳанд, коршиносон мегӯянд, ин қатъкуниҳо танҳо ба беҳбуди сатҳи саводнокии рақамии аҳолӣ мусоидат мекунад.

“Нимаи дуюми дирӯз қатъи дастрасӣ оғоз шуд. Мессенҷерҳо (Viber, What’s App, Telegram)-и ман кор намекарданд. Баъдтар ба шабакаҳои иҷтимоӣ низ ворид шуда натавонистам”, – иброз дошт ба “Азия-Плюс” Шариф Давронов, сокини шаҳри Душанбе.

Корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook дар Тоҷикистон дар бораи қатъи навбатии дастрасӣ дирӯз, 6 ноябр хабар доданд.

“Интернет хуб кор мекард, ногаҳон қатъкуниии дастрасӣ оғоз гардида, воридшавӣ ба Facebook  ва Youtube имкон надошт. Ман базудӣ VPN-ро ба кор дароварда, ба Facebook ворид шудам ва дар он аксҳо ва навори видеоро аз гирдиҳамойӣ (дар Хоруғ) дидам”, – мегӯяд Ҳасан Раҳматов, корбари шабака.

Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон масъаларо ба “Азия-Плюс” шарҳ надода, маслиҳат доданд, ки ба Маркази ягонаи коммутатсионӣ муроҷиат кунем. Ин ҷо ба мо изҳор доштанд, ки аз қатъи дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ умуман чизе намедонанд.

“Мо ба муштариёни худ танҳо интернет пешниҳод мекунем. Қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо ба мо вобаста нест. Инро бе мо ҳам карда метавонад”, – гуфтанд дар Марказ.

Ба ақидаи мураббии расонавӣ (медиатренер) ва блогнавис Рустам Гулов қатъи дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои расонаҳои иттилоотӣ танҳо ба беҳтар шудани сатҳи саводнокии рақамии корбарони сомонаҳо дар Тоҷикистон мусоидат менамояд, зеро ба ин васила онҳо маҷбур мешаванд, ки дигар роҳу воситаи дастрасӣ ба сомонаҳоро дарёбанд.

Ба қавли Гулов, ба одамони фарсахҳо дур аз технологияҳо, ки фарқи байни VPN ва анонимайзерҳо (қуфлкушо)-ро намедонанд, кофист, ки мавҷудияти сомона, барнома ва замимаҳоро барои компютеру сматрфонҳо ҷиҳати ворид шудан ба сомонаҳои дастрасиашон қатъшуда бидонанд.

“Қатъи дастрасӣ ҳеҷ гуна самар намедиҳад. Одамон ба ворид шудан ба сомонаҳову шабакаҳои иҷтимоии дастрасиашон қатъгашта идома медиҳанд ва қатъи дастрасӣ ба дахолат ба ҳаёти шахсӣ монанд аст. Табиист, ки бо қатъи дастрасӣ одамонро аз захираҳои интернетии дӯстдоштаашон дур кардан имкон надорад”, – мегӯяд коршинос.

Қатъи дастрасии ҳозира дар Тоҷикистон нахустин нест, ахиран дастрасӣ ба як қатор сомонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ моҳи августи соли равон баъди амали террористӣ дар ноҳияи Данғара, ки дар натиҷаи он сайёҳони хориҷӣ ҳалок шуда буданд, сурат гирифта буд.

Он замон ба ҷуз сомонаҳои агентиҳои иттлоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, дастрасӣ ба анонимайзерҳо низ қатъ шуда буд, ки тавассути он воридшавӣ ба сомонаҳои дастрасиашон қатъгашта имкон дошт. Дар дастрасӣ ба чанде аз мессенҷерҳо ҳам мушкил вуҷуд дошт.

Баъди ҳодисаи Данғара дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс” қатъ шуда, қариб ду моҳ сомона дастнорас буд. Нимаи моҳи октябр дастрасӣ ба сомона имконпазир шуда, лекин аз 2 ноябр корбарон боз аз ҷой доштани маҳдудиятҳо дар дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс” хабар медиҳанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...