Қурбонии зӯроварӣ дар оила шудӣ? Ба рақами 1313 занг зан

Asia-Plus

Дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон оид ба дастгирии ҷабрдидагон аз зӯроварӣ дар оила телефони боварӣ ва Маркази захиравӣ боз шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, яке аз самтҳои фаъолияти Маркази захиравӣ фарогирии машваратҳои равонию ҳукуқии ройгон барои занони осебпазир аз зӯроварӣ ва ҳифзи ҳуқуқи занон дар ҷомеа мебошад.

“Ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва аъзоёни оилаҳое, ки ба дастгирӣ ниёз доранд, метавонанд ба рақами 1313 занг зада, бо коршиносони соҳаи ҳуқуқӣ ва гендерӣ, равоншинос оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила ва баробарҳуқуқии гендерӣ, ё ин ки бо ҳуқуқшинос, вобаста ба ҳолат, дар тамос шаванд”, – хабар медиҳад намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон.

Дар Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ махзани маълумот барои ҷамъ намудани иттилооти пурра ва таҳлили ҳолатҳои ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда ҷойгир карда шудааст.

Ҳамчунин барои осон ба даст овардани иттилоот, гирифтани омори ягона ва коркарди иттилоот дар махзани маълумот барномаи электронӣ таҳия ва  ба он пайваст гардидааст, ки муроҷиатҳо тавассути телефони боварӣ низ ворид ва қайд карда мешаванд.

“Ҷамъоварии иттилоот дар махзани маълумот иборат аст аз: ариза дар бораи ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила (нисбати занон, кӯдакон, волидон ё ки дигар хешовандон); номгӯи хизматрасониҳо (равонӣ ва ҳуқуқӣ) ва ҷамъоварии маълумоҳои оморӣ”, – хабар дода мешавад дар иттилоияи расмии намояндагӣ.

Ба махзани электронии маълумоти  коркардкардашуда оид ба таҳлили ҳолатҳои зӯроварӣ хатти интернет гузаронида шудааст, ки имкон медиҳад ки тариқи дархост дар вақти воқеӣ маълумоти мукаммалро пешниҳод намояд.

Маркази захиравӣ дар доираи амалисозии лоиҳаи «Такмили сохтори ҳисоботдиҳӣ ва ҳалли масъалаҳои зуроварӣ аз руйи нишонаҳои гендерӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкории шарикӣ бо Ташкилоти Ҷамъиятии “Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон” боз шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.