Нахустин изҳороти расмии Тоҷикистон доир ба ошӯб дар зиндони Хуҷанд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мақомоти расмии Тоҷикистон санаи 22 ноябр бори нахуст ҳодисаи ошӯби шаби 8 ноябри маҳбусон дар муассисаи ислоҳии №3/3-и шаҳри Хуҷандро шарҳ доданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти хабарӣ дар Брюссел дар доираи вохӯрии вазирони хориҷӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ дар бораи саркӯб кардани ин исён маълумот дод, хабар медиҳад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ.

Ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин, дар ошӯб асосан маҳбусони ба иттиҳоми терроризм маҳкумшуда, аз ҷумла пайравони гурӯҳи террористии Давлати исломӣ иштирок карда, дар ҷараёни бетартибиҳо 21 нафар ошӯбгарон кушта шуданд.

“Посбонон ва кормандони муассиса ошӯбгаронро ба муколама даъват карданд, лекин онҳо муқовиматро давом дода, чанде аз онҳо кӯшиши фирор намуданд… 12 нафар аз кушташудагон барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия ва Ироқ дар сафҳои Давлати исломӣ адои ҷазо намуда, се нафар – аъзои гурӯҳҳои ифротгарои “Аносруллоҳ”, “Ҷундуллоҳ” ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистон мебошанд, боқимонда шаш тани дигар барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз қабли куштор ва қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят зиёд маҳкум шуда буданд”, – қайд кардааст вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ҳамчунин ӯ тасдиқ намудааст, ки ҳангоми исён ду корманди муассиса кушта шуда, панҷ нафар зиндонбонон бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарианд.

Сироҷиддин Муҳриддин зикр кардааст, ки ба тафтиши ошӯб дар зиндони Хуҷанд гурӯҳи махсуси Прокуратураи генералии Тоҷикистон машғул аст.

Қаблан ВАО бо истинод ба манбаъҳои худ хабар дода буданд, ки зимни саркӯби ошӯб дар зиндони Хуҷанд наздики 47 нафар маҳбусон кушта ва беш аз 200 нафар захмӣ шудаанд.

Манбаъҳо ҳамчунин иттилоъ дода буданд, ки аз рӯи ин парванда ҳафт нафар кормандони муассиса, аз ҷумла сардори зиндон Файзулло Сафарзода ва сардори шуъбаи риояи реҷа Фарҳод Садиров ба ҳабс гирифта шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки шаби 8 ноябр дар муассисаи ислоҳии низомаш шадиди №3/3-и шаҳри Хуҷанд ошӯб сар зада, нерӯҳои таъиноти махсуси милитсия онро саркӯб карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...