Патенти кор барои муҳоҷирон дар Маскав қимат мешавад

Asia-Plus

Аз 1 январи соли 2019 арзиши патенти кор барои муҳоҷирон дар шаҳри Маскав аз 4,5 ҳазор то ба 5 ҳазор рубл (аз 68 то 76 доллар) боло меравад, хабар медиҳад ТАСС.

Раиси комисиияи Думаи шаҳри Маскав оид ба сиёсати иқтисодӣ ва молия Людимла Гусева дар ин робита гуфтааст, болоравии арзиши патент ба он хотир сурат мегирад, ки ба Маскав бояд муҳоҷирони соҳибкасбу дорои маълумоти дахлдор ва имкони кор кардан дар пойтахти Русия оянд.

“Аз ҷониби дигар, ба ин васила ба буҷет маблағи зиёдтар ворид гардида, онро ба рафъи эҳтиёҷоти иҷтимоӣ равона мекунем, ки то ки аз ҷумла барои муҳоҷирон низ кор дар шаҳри Маскав осонтару бароҳат шавад”, – иброз доштааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки соли 2017 аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷети Русия беш аз 160 млрд. рубл (қариб 2,8 млрд. доллар) маблағ ворид шуд. Соли гузашта аз ҳисоби харидани патентҳои кор ба буҷети шаҳри Маскав 15,7 млрд. рубл (277 млн. доллар бо қурби ҳамон замон) ва давоми 5 моҳи соли равон – 7,7 млрд. рубл (122,6 млн. доллар) маблағи ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20% зиёдтар аст.

Дар ҳамин ҳол, дар муқоиса бо соли 2017 соли 2018 нархи патенти кор дар шаҳри Маскав 300 рубл – аз 4200 то ба 4500 рубл зиёд шуда буд.

Моҳи октябри соли ҷорӣ раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин изҳор дошт, ки даромади пойтахти Русия аз ҳисоби муҳоҷирони кории қонқнӣ дар ҳоли афзоиш қарор дошта, то охири сол ба беш аз 16 млрд. рубл (245,2 млн. доллар) мерасанд.

Бино ба маълумоти ВКД, аз кишварҳои ИДМ дар Русия ҳамагӣ 8,5 млн. нафар муҳоҷирон кору зиндагӣ мекунанд, аз ҷумла: аз Украина – 2,2 млн., Ӯзбекистон – 1,9 млн. ва Тоҷикистон – 1 млн. нафар.

Мебояд гуфт, маблағи умумии пулҳои интиқолёфта аз Русия ба Тоҷикистон нимсолаи аввали соли 2018 – 1 млрд. 150 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 89 млн. доллар зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти ташкилоти ҷамъиятии “Федератсияи муҳоҷирони Русия, аз оғози соли равон беш аз 1,7 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия ворид шуда, аз рӯи шумори муҳоҷирони дар Русия Тоҷикистон баъди Ӯзбекистон дар зинаи дуюм қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...