Ӯзбекистон хати барқи шояд қисми таркибии лоиҳаи CASA-1000 месозад

Date:

Тошканди расмӣ дар бораи эҳтимоли пайвастанаш ба лоиҳаи минтақавии CASA-1000 изҳори назар кард. Дар ин лоиҳа роҳандозии интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ пешбинӣ шудааст.

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов санаи 28 ноябр зимни Конфронси байнулмилалӣ оид ба Афғонистон дар Женева дар ин робита изҳор намуд, ки ин кишвар хати нави интиқоли барқи “Сурхон – Пули Хумрӣ”-ро сохта истодааст, ки метавонад қисмате аз лоиҳаи CASA-1000 шавад.

“Сохтмони хати интиқоли барқи “Сурхон – Пули Хумрӣ” имкон медиҳад, ки содироти барқ аз Ӯзбекистон ба Афғонистон 70% – то ба 6 млрд. кВт/соат дар як сол афзуда шавад. Ин хат Кобулро ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ мепайвандад. Гузашта аз ин, хати мазкур метавонад қисмати таркибии лоиҳаи CASA-1000 шавад”, – овардааст гуфтаҳои Комиловро хадамоти матбуоти ВКХ Ӯзбекистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Суханронии вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар Конфронси байнулмилалӣ оид ба Афғонистон

Қобили зикр аст, ки Созишнома дар бораи бунёди хати интиқоли барқи “Сурхон – Пули Хумрӣ” моҳи декабри соли гузашта зимни сафари президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба Ӯзбекистон ба имзо расида буд. Муҳлати хароҷотбарории лоиҳа 12 сол аст. Иқтидори иниқолии хат 1000 МВт-ро ташкил медиҳад, яъе дар як шабонарӯз тариқи он метавон беш аз 24 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дод. Сохтмон аз ҷониби Бонки осиёгии рушд маблағгузорӣ мешавад.

Арзиши умумии лоиҳа 150 млн. долларро ташкил дода, 118 млн. долларро ҷониби Афғонистон ва боқимонда 32 млн. долларро Ӯзбекистон маблағгузорӣ мекунад.

Анҷоми корҳои сохтмони қитъаи ӯзбекистонии хати нави интиқоли барқи “Сурхон – Пули Хумрӣ” моҳи декбари соли 2019 ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки амалисозии лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистону Қирғизистон имкон медиҳад, ки ба Афғонистону Покистон дар ҳаҷми 1300 МВт дар як сол (70% – аз Тоҷикистон ва 30% – аз Қирғизистон) нерӯи барқ содирот намоянд. Ҳадафи лоиҳа дар мавсими тобистон роҳандозӣ кардани содироти нерӯи барқи зиёдатии Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон унвон мешавад.

Қобили зикр аст, ки анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2020 пешбинӣ шуда, арзиши умумии он беш аз 1 млрд. долларро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳа хатти 477 километраи интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи Датка (Қирғизистон) то Хуҷанд сохта шуда, Сангтӯда, Кобул ва Пешовар бо хатти баландшиддати интиқоли барқи 750 километра пайваст мешаванд.

Хароҷоти амалисозии лоиҳа тариқи зайл тақсим шудааст: Тоҷикистон – $314 млн., Қирғизистон – $209 млн., Афғонистон – $354 млн. ва Покистон – $209 млн. Маросими расмии оғози амалисозии лоиҳа 12 сентябри соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо иштироки сарони кишварҳои узви лоиҳа доир гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...