Мактаби санъати ба номи Аминзода дар Душанбе кӯчонида мешавад

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе бинои Мактаби давлатии санъати ба номи Аминзода, ки дар рӯ ба рӯи варзишгощи Спартак воқеъ аст, кӯчонида мешавад.

Волидони хонандагони мактаб аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ин кор дар нимаи соли хониш сурат гирифта, гузашта аз ин, онҳоро ба маҷмааи “Наврӯзгоҳ мекӯчонанд, ки ба ақидаи онҳо, комилан барои ҷараёни таҳсил мувофиқ нест.

Волидон дар ин робита бо дархости кумак ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муроҷиат намуда, муроҷиати онҳо дар шабакаи иҷтиомии Фейсбук нашр шудааст.

Дар муроҷиатнома қайд мешавад, ки бинои нави маҷмааи “Наврӯзгоҳ” ба меъёрҳои пешниҳодшуда нисбати муассисаҳои таълимӣ мутобиқ набуда, ғайр аз ин, бино дар қисмати душвори дастраси шаҳр ҷойгир шудааст ва бо равуои нақлиёти ҷамъиятӣ хуб таъмин нест.

“Аз рӯи мантиқ ва ақли солим кӯчонидан бояд пас аз анҷоми супурдани имтиҳонҳо, яъне тобистони соли 2019 сурат мегирифт. Чанде қабл дар мактаб таъмир гузаронида шуд, барои ин воситаҳои буҷет харҷ шуданд, низоми гармидиҳӣ гузарониданд, синфҳо аз таъмир бароварда шуданд ва акнун баъди ҳамаи ин хароҷоту кӯшишҳо таълимгирандагони мактаб қарриб ба кӯча партофта мешаванд”, – омадааст дар муроҷиатномаи волидон.

Барои шарҳи ин масъала мо ба мақомоти шаҳрдории пойтахт дар тамос шудем. Дар дафтари матбуоти раиси шаҳр ба мо хабар доданд, ки аз ин муроҷиатнома огаҳӣ дошта, “онро баррасӣ ва дар борааш ба як қароре мерасанд”.

Дар ҳамин ҳол, яке аз волидони хонандагони ин мактаб имрӯз ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки дар бораи кӯчонидани мактаб онҳо дар консерт ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар ин мактаб огаҳӣ ёфтаанд.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз ба онҳо вохӯриро бо муовини раиси пойтах Мавсума Муинӣ ваъда додаанд. “Умедворем, ки мақомот ба мушкили мо расидагӣ карда, масъалаи кӯчонидани мактаб бознигарӣ мешавад”, – изҳори умедворӣ намуд зан.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...