Шарҳи “Тоҷик Эйр” доир ба сабаби таъхири парвоз дар хатсайри Душанбе – Хуҷанд

Asia-Plus

Дар иттилоияи нашршудаи ширкат дар ин робита қайд мешавад, ки санаи 28 ноябр бар асари номусоидии обуҳаво ҳавопаймое, ки аз Маскав ба Душанбе парвоз мекард, маҷбур шуд, ки дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд нишинад. Дар натиҷа мусофирони хатсайрҳои Душанбе – Хуҷанд ва Душанбе – Маскав саривақт ба нуқтаҳои таъиншуда парвоз карда натавонистанд.

“Мо аз ҳамаи мусофирони хатсайрҳои мавқуфгузошта маъзарат мехоҳем. Мутаассифона, шароити обуҳаво ба ҷадвали парвозҳо таъсири манфӣ расонида, аз ин рӯ, чунин нороҳативу мушкилиҳо рӯйи кор омаданд. Дар давраи ин вазъи бамаломада раҳбарияти ширкат ҷиҳати ҳарчи зудтар ба нуқтаҳои таъиншуда фиристодани мусофирон ҳамаҷониба тадбирҳо андешид”, – омадааст дар иттилоияи ширкат.

Гуфта мешавад, парвози ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Хуҷанд, ки бояд рӯзи чоршанбе соати ҳашти субҳ анҷом мепазируфт, дар ниҳояти кор соати 22:30  сурат гирифта, ҳавопаймои хатсайри Душанбе – Маскав соати 23:50 парвоз кард.

“Ба маълумоти мусофирони гиромӣ мерасонем, ки бақайдгирӣ дар хатсайри имрӯзаи Душанбе – Алмаато соати 14:00 ва парвоз соати 16:00 ба нақша гирифта шудааст”, – қайд мешавад дар маълумоти расмии ширкати “Тоҷик Эйр”.

Дар ҳамин ҳол, ҷиҳати муътадил кардани вазъ ва таъмини пурсамари муназзамии парвозҳо дар ширкат ваъда медиҳанд, ки ояндаи наздик боз се ҳавопаймоми навъи Bombardier: : як ҳавопаймои навъи CRJ – 200 ва боз ду ҳавопаймои навъи Bombardier CRJ – 900 мехаранд.

“Лекин шароити обуҳаво омиле мебошад, ки ба мо вобаста нест ва метавонад куллан ҷадвали мувофиқашудаи парвозҳоро тағйир диҳад. Мо ба дарки вазъи бавуҷудомада умедворем. Мутахассисони мо тариқи телефон доимо дар алоқа буда, ба фавран ҳаллу фасл кардани мушкилоти пешомадаи мусофирон омодаанд. Дарёфти маълумоти иловагӣ дар бораи хатсайру тарифҳо ва пешниҳодҳои махсус, ҳамчунин харидории билетҳо ба воситаи сомонаи расмӣ – www.tajikairlines.com, телефони шабонарӯзии Call – Center (+992) 905 100 200 ва рақами хазинаи билетфурӯшӣ (+992 48) 701 50 42) имконпазир аст”, – изҳор намуд котиби матбуотии ширкат Азиз Хайруллоев.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи чоршанбе, 28 ноябр як гурӯҳи толибилмон, ки дар Олимпиадаи арифметикаи зеҳнӣ дар Истанбул иштирок карданд, бидуни обу ғизо чандин соатро дар фурудгоҳи Душанбе паси сар карданд. Онҳо бояд ба хонаҳояшон парвоз мекарданд, лекин қариб мудати 15 соат ҳамроҳи дигар мусофирон парвози ҳавопайморо ба Хуҷанд мунтазир шуданд. Ба гуфтаи мусофирони хатсайр, замони ба таъхир гузошта шудани парвоз ширкати ҳавопаймоӣ ба онҳо обу ғизо пешниҳод накардааст. Ҷубронпулӣ ҳам аз ширкат нагирифтаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...