Нерӯгоҳи Роғун алҳол аҳолиро бо нерӯи барқ таъмин мекунад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бо барқи истеҳсолшуда аз агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун талаботи дохилии ҷумҳурӣ дар мавсими зимистон қонеъ карда мешавад.

“Мавриди истифода қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки камбуди барқ дар дохили кишварро, бахусус дар мавсими зимистон, ки ҳазорон оилаҳо ба равшаниву гармӣ ниёз доранд, бартараф намояд”, – қайд мешавад дар сомонаи ширкати итолиёвии Salini Impregilo, ки ба сохтмони сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Роғун машғул аст.

Таъкид мешавад, ки агрегати дуюми нерӯгоҳ соли 2019 ба истифода дода шуда, аз ҳисоби истеҳсоли барқи истеҳсолшуда аз ду агрегат ва фурӯши он ба кишварҳои ҳамсоя, ҷумҳурӣ метавонад барои идомаи сохтмони иншоот маблағ дарёфт кунад.

Дар маълумоти ширкати Salini Impregilo зикр мегардад, ки баъди пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот, нерӯгоҳи Роғун бузургтарин дар Осиёи Миёна гардида, иқтидори он (3600 МВт) ба се нерӯгоҳи барқии атомӣ баробар хоҳад шуд.

Нахустин аз шаш агрегати нерӯгоҳи Роғун 16 ноябри соли равон ба истифода дода шуд. Дар марҳилаи аввал (бо назардошти сатҳи об дар обанбор) агрегат ба ҳисоби миёна бо иқтидори 100 МВт кор хоҳад кард, яъне дар як соат 100 ҳазор киловатт нерӯи барқ истеҳсол мекунад. Ба кор даровардани агрегати дуюм соли оянда дар назар аст.

Анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун соли 2033 ба нақша гирифта шуда, баландии сарбанди иншоот то ба 335 метр расонида мешавад. Айни замон баландии сарбанд 75 метрро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...