Дар нони самарқандии “Гала Осиё” чӣ сирре нуҳуфта аст?

Касе, ки аққалан боре ба Самарқанд рафта бошад, натанҳо Регистони ин шаҳри афсонавӣ, балки нонҳои хуштаъми онро низ дар хотир дорад, ки обашон намегурезад. “Гала Осиё-нон” – ин ҳамон нони маъруфи самарқандист, ки дар борааш ҳатто ривояти шавқоваре ҳаст. Мегӯянд, амири Бухоро нахостааст, ки дигар ба ӯ аз Самарқанд нон оранду, онро дар қаср пазанд. […]

Asia-Plus

Касе, ки аққалан боре ба Самарқанд рафта бошад, натанҳо Регистони ин шаҳри афсонавӣ, балки нонҳои хуштаъми онро низ дар хотир дорад, ки обашон намегурезад.

“Гала Осиё-нон” – ин ҳамон нони маъруфи самарқандист, ки дар борааш ҳатто ривояти шавқоваре ҳаст. Мегӯянд, амири Бухоро нахостааст, ки дигар ба ӯ аз Самарқанд нон оранду, онро дар қаср пазанд. Барои ин ӯ аз Самарқанд нонвоеро низ овардааст, лекин ҳарчанд ин устои нонпаз бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекардааст, нонҳо чун дар Самарқанд ҳосил намешудаанд.

Тахминҳо гуногун буданд: мегуфтанд шояд орд аз Самарқанд нест ё гап сари танӯру об аст. Таркибҳои лозимиро аз Самарқанд оварда бошанд ҳам, хоҳ нохоҳ нон чун дар Самарқанд тайёр намешуд. Маълум шуд, ки чизи оддие намерасидааст, яъне барои ҳосил шудани нони ҳақиқии “Гала Осиё-нон” ҳамагӣ обуҳавои Самарқандро овардан лозим будааст. Албатта, ин кор ғайриимкон буда, аз ин рӯ, “Гала Осиё-нон” то ҳол танҳо дар Самарқанд пухта мешавад.

Маҳз аз ҳамон ҷо мо барои Шумо гузориши видеоӣ таҳия намудем.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.