Нерӯгоҳи Роғун алҳол аҳолиро бо нерӯи барқ таъмин мекунад

Бо барқи истеҳсолшуда аз агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун талаботи дохилии ҷумҳурӣ дар мавсими зимистон қонеъ карда мешавад. “Мавриди истифода қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки камбуди барқ дар дохили кишварро, бахусус дар мавсими зимистон, ки ҳазорон оилаҳо ба равшаниву гармӣ ниёз доранд, бартараф намояд”, – қайд мешавад дар сомонаи ширкати […]

Бо барқи истеҳсолшуда аз агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун талаботи дохилии ҷумҳурӣ дар мавсими зимистон қонеъ карда мешавад.

“Мавриди истифода қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки камбуди барқ дар дохили кишварро, бахусус дар мавсими зимистон, ки ҳазорон оилаҳо ба равшаниву гармӣ ниёз доранд, бартараф намояд”, – қайд мешавад дар сомонаи ширкати итолиёвии Salini Impregilo, ки ба сохтмони сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Роғун машғул аст.

Таъкид мешавад, ки агрегати дуюми нерӯгоҳ соли 2019 ба истифода дода шуда, аз ҳисоби истеҳсоли барқи истеҳсолшуда аз ду агрегат ва фурӯши он ба кишварҳои ҳамсоя, ҷумҳурӣ метавонад барои идомаи сохтмони иншоот маблағ дарёфт кунад.

Дар маълумоти ширкати Salini Impregilo зикр мегардад, ки баъди пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот, нерӯгоҳи Роғун бузургтарин дар Осиёи Миёна гардида, иқтидори он (3600 МВт) ба се нерӯгоҳи барқии атомӣ баробар хоҳад шуд.

Нахустин аз шаш агрегати нерӯгоҳи Роғун 16 ноябри соли равон ба истифода дода шуд. Дар марҳилаи аввал (бо назардошти сатҳи об дар обанбор) агрегат ба ҳисоби миёна бо иқтидори 100 МВт кор хоҳад кард, яъне дар як соат 100 ҳазор киловатт нерӯи барқ истеҳсол мекунад. Ба кор даровардани агрегати дуюм соли оянда дар назар аст.

Анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун соли 2033 ба нақша гирифта шуда, баландии сарбанди иншоот то ба 335 метр расонида мешавад. Айни замон баландии сарбанд 75 метрро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.