Ширкати ҳавопаймоии SCAT Остонаро бо Душанбе мепайвандад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии SCAT-и Қазоқистон аз 14 декабр ба иҷрои парвозҳо бо хатсайри Остона – Душанбе – Остона оғоз мекунад.

“Ин хатсайри нав мустақиман шаҳри Душанберо бо пойтахти Қазоқистон пайваст хоҳад кард”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе”.

Бино ба иттилои манбаъ, парвозҳо рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе дар ҳавопаймоҳои Bombardier CRJ200 анҷом ёфта, фурӯши билетҳо ба ин хатсайр алакай оғоз шудааст.

Зимни рӯнамоии ифтитоҳи хатсайри нав рӯзи 13 декабр дар Остона ноиби президенти ширкати ҳавопаймоии SCAT Николай Буряков изҳор доштааст, ки арзиши билет ба як самт аз 44 ҳазор танга (118 доллар) ва ба ду самт – аз 86 ҳазор танга (232 доллар)-ро ташкил медиҳад.

“Ифтитоҳи хатсайр талаботи замон буда, ба таърихи навтарини рушди муносибатҳои гуногунҷабҳа байни кишварҳои мо созгор аст. Ба туфайли ҳамкориҳои бисёрҷонибаи чандинсола миёни Қазоқистону Тоҷикистон имкон фароҳам омад, ки муносибатҳои дуҷониба дар сатҳи сифатан нав қарор гиранд. Имрӯз метавон гуфт, ки созишҳои раҳбарияти кишварҳо доир ба тавсеъаи ҷуғрофияи парвозҳо ба марҳилаи нав дар татбиқи амалӣ расиданд”, – иброз доштааст зимни чорабинӣ сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Назирмад Ализода.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...