Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амниятро баргузор намуд

Asia-Plus

Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори ҷаласа аъзои доимӣ ва аъзоёни Шӯрои амният, раиси Суди Олӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, роҳбарият ва масъулони дигар вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд.

Президенти мамлакат, Раиси Шӯрои амнияти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ҷаласа фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишварро дар роҳи таъмини амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва мубориза ба муқобили ҷинояту ҷинояткориҳо натиҷагирӣ намуда, аз тадбирҳои муваффақ ва мавҷудияти як қатор камбудию норасоиҳо дар ин самт ёдовар шуданд.

Дар ҷаласа ба таври муфассал масъалаҳои вобаста ба вазъи таъмини амну субот дар кишвар ва фаъолияти сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакат дар соли 2018 баррасӣ шуда, нақшаи тадбирҳои навбатию иловагӣ дар ин самт барои соли 2019 тарҳрезӣ ва мушаххас гардиданд.

Доир ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода, Вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, фармондеҳони Гвардияи миллӣ ва Қушунҳои сарҳадӣ Бобоҷон Ҷамолзода ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Директори Агентии назорати маводи нашъаовар Шерхон Салимзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ва дигарон шунида шуд.

Пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳамагуна таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, тадбирҳои муштарак ба муқобили қонунвайронкуниҳо, ҷинояту ҷинояткориҳо, таъмини амнияту суботи давлату миллат, тарғибу гиромидошти арзишҳои истиқлолият – ваҳдату суботи сартосарӣ ва дигар вазифаҳои Шӯрои амният, аз масъалаҳои муҳими кори ҷаласа буд.

Таъкид гардид, ки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва афзоиши хатари равияҳои террористӣ, экстремизми диниву сиёсӣ ва фаъолияти тахрибкоронаи онҳо аз ҳар роҳбари ниҳоду сохторҳои низомию ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва кормандони қатории онҳо ҳисси баланд ва масъулияти бузурги ватандӯстию хештаншиносиро тақозо менамояд.

Дастуру супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба пурзӯр намудани қудрати мудофиавии давлат, тақвият бахшидани ҳифзи марзи давлатӣ, боло бурдани сатҳи омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ва беҳсозии таъминоти моддию техникии онҳо, таҳкими интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани рӯҳияи маънавӣ, ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва таҷрибаву маҳорати касбии муҳофизони марзу буми кишвар, кормандони мақомоти судӣ, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дода шуд.

Барои бартарафсозии камбудию норасоиҳои мавҷуда ва андешидани тадбирҳои ҷиддию саривақтӣ дар роҳи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот вазифадор карда шуданд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...