Сомонаи “Азия-Плюс” дар қаламрави Тоҷикистон дастнорас аст. Чаро?

Умед Бобохонов, сармуҳаррир

Корбарони мо ва рӯзноманигорон аз дигар кишварҳо дар тааҷҷубанд: “Чаро дастрасӣ ба сомонаи шуморо қатъ мекунанд, охир шумо маводи зиддиҳукуматӣ надоред-ку?”. Ин ҳақиқат аст, дар бораи интиқоди шадиди ҳукумат мавод нашр намекунем ё қариб надорем.

Бо вуҷуди ҳама мушкилот, мо кӯшиш мекунем, ки бо ҳукумат ҳамкорӣ дошта бошем, фаъолияти сарвари давлат, ҳукумат, парлумон, мақомоти шаҳрдории Душанберо васеъ инъикос менамоем. Ва минбаъд ҳам ба идомаи ин кор омодаем.

Пас чаро дастрасиро қатъ мекунанд?

Дар ин бора мо саҳеҳ огаҳӣ надорем, вале фарзияҳо ҳастанд. Аввал, мо чандин бор аз нашри маводи аз ҷониби баъзе сохторҳои давлатӣ пешниҳодшуда худдорӣ варзидем. Рад кардем, чунки ба касб ва хонандагони худ эҳтиром дорем ва ин маводро дур аз журналистика мешуморем. Пас аз ҳар як радкунии мо дастрасӣ ба сомонаамон дар қаламрави Тоҷикистон қатъ мешуд.

Агар байни радкунии мо ва қатъи дастрасӣ дарвоқеъ ҳам робитае бошад, пас Тоҷикистон ягона кишваре дар ҷаҳон аст, ки сомонаҳоро на барои нашри мавод дар онҳо, балки барои рад кардани нашри мавод дастнорас мекунад.

Ва агар ин ҳақиқат бошад, пас хеле таассуфангез аст, чунки шахсони дар ин амал дастдошта мухолифи қонун рафтор мекунанд. Вақте сохтори давлатӣ худаш ба қонуншиканӣ даст мезанад, ин хавф дорад.

Ҳамчунин ин таҷриба риоя накардани уҳдадориҳои байнулмилалӣ мебошад, ки Тоҷикистон онҳоро ба зиммааш гирифтааст.

Аз лиҳози манфиатҳои давлат қатъи дастрасӣ ба сомонаи писандидатарин ва дар маҷмӯъ бетараф кори ғайриоқилона буда, ВКХ, ҳукумат, сарвари давлат ва ҳамаи ҷомеаи моро, ки ба таҳкими обрӯву нуфузи Тоҷикистон ҳамчун узви масъули ҷомеаи ҷаҳонӣ талош меварзанд, ба ҳолати ноҳинҷор мегузорад. Ин барои кӣ лозим аст?

Кормандони “Азия-Плюс” ба қонунҳои кишвари худ арҷ мегузоранд. Мо хостори дар давлати ҳуқуқбунёд зиндагӣ кардани фарзандонамон ҳастем, аз ин рӯ, кӯшиш мекунем, ки аввал худамон қонунро риоя намоем. Агар ҳукуматдорон расман дар қонун зикр кунанд, ки журналистони тоҷик бояд чӣ гуна маводро чопро кунанду ба кадом корҳо даст назананд, мо ин қонунро ҳам риоя хоҳем кард. Бо қоидаҳои расман қабулшуда фаъолият мекунем. Ё ба фаъолиятамон хотима мебахшем, агар чунин бишморем, ки ин қоидаҳо ба усулҳои маъмули ҳаёт ва касби мо мухолифат доранд.

Фарзияи дуюм. Сомонаи мо бо сабабҳои техникӣ дар Тоҷикистон дастнорас аст, чунки дар серверҳои ширкатҳои фароҳамсоз (провайдерон)-и интернети кишвар дар як вақт нуқсу камбудӣ пайдо шуд. Агар чунин бошад, пас мунтазир хоҳем шуд, ки ба наздикӣ ҳамаи “серверу ноқилҳо” таъмир шуда, сомонаи мо дубора барои сокинони ҷумҳурӣ дастрас мешавад.

Қобили зикр аст, ки сарфи назар аз ҳама мушкилоти дастрасӣ, сомонаи “Азия-Плюс” имрӯз ҳам писандидатарин манбаи иттилоотӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Мо аз ин ифтихор дорем – корбарон ҳамроҳи моянд, моро мехонанд ва ба мо бовар доранд. Ин эътимод барои мо хеле бақадру муътабар ва гиромӣ аст, намехоҳем, ки онро аз даст диҳем.

Хонандагони гиромӣ!

Алҳол сомона дар қаламрави ҷумҳурӣ дастнорас буда, лекин мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густарда роҳандозӣ кардаем.

Хабару гузоришҳои моро дар ҷойи бароятон қулай ва бароҳат бихонед. Бо ин дастур амал кунед:

Хабарҳои моро дар саҳифаамон дар Фейсбук бо ин суроға мутолиа карда метавонед: https://www.facebook.com/newstj/https://www.facebook.com/newstj/.

Ҳамаи хабарҳоро метавон дар телеграм-канали мо https://t.me/asiaplushttps:/t.me/asiaplushttps://t.me/asiaplushttps:/t.me/asiaplus%20мутолиа кард (обуна ба канал осон аст, ҳамаи хабарҳоро метавон мустақиман аз он хонд, қатъи дастрасӣ ба он дахл надорад).

Агар хостори истироҳат аз сиёсат ва дигар маводи ҷиддӣ бошед, ба Дзен канали мо https://zen.yandex.ru/id/5b518f959a626100a922458ahttps://zen.yandex.ru/id/5b518f959a626100a922458a обуна шавед.

Агар хабарҳоро мухтасар ва бо сурати хуб хонданӣ бошед, ба канали мо дар Инстаграм https://www.instagram.com/asiaplustj/https://www.instagram.com/asiaplustj/ обуна шавед.

Дар шабакаи Одноклассники низ канали алоҳида дорем: https://ok.ru/asiaplushttps://ok.ru/asiaplus.

Миннатпазирем, ки бо моед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...