Тоҷикистон аз ҳисоби 0,6% буҷет кишвари индустриалӣ шуданист?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли оянда Тоҷикистон ба бахши саноат ва сохтмон аз ҳисоби воситаҳои буҷет ҳамагӣ 0,6% маблағ ҷудо мекунад. Дар ҳамин ҳол, ҳукумат дар бораи аллакай то соли 2030 ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил додани ҷумҳурӣ изҳори назар мекунад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2019 беш аз 24,1 млрд. сомонӣ муқаррар шуда, хароҷот ба соҳаи саноат ва сохтмон каме бештар аз 156 млн. сомонӣ (17 млн. доллар) ё худ 0,6% аз ҳаҷми умумии хароҷотро ташкил медиҳад.

Барои мисол, соли оянда ба соҳаҳои фарҳанг ва варзиш ҷудо гардидани беш аз 760 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, дар муқобили сутуни “хароҷоти дигар”, ки маълум нест чӣ ин ҷо дар назар дошта шудааст, рақами беш аз 2,5 млрд. сомонӣ меистад.

Ҳукумат ният дорад, ки даҳсолаи наздик Тоҷикистонро ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил диҳад. Дар ин самт тақвияти иқтидорҳои саноатӣ ва энергетикӣ ва кам кардани вобастагии иқтисоди кишвар аз бахши кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба сифати сарчашмаҳо ҷиҳати амалисозии Стратегияи миллӣ доир ба ин масъала воситаҳои буҷети кишвар дар ҳаҷми 56,1 млрд. сомонӣ дар назар аст, яъне ҳар сол равона шудани 3,7 млрд. сомонӣ.

Солҳои охир ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 20-25% ва саноат на бештар аз 17%-ро ташкил медиҳад.

“Ҳиссаи саноат дар кишварҳои навъи иқтисоди индустриалӣ-аграрӣ аз ҳиссаи бахши кишоварзӣ зиёд аст, лекин ин маънои онро надорад, ки мо бояд истеҳсолоти кишоварзиро коҳиш бидиҳем. Баръакс, истеҳсоли маҳсулоти саноатиро зиёд ва тақвият бахшидан зарур буда, он бояд натанҳо талаботи бозори дохилиро қонеъ намояд, балки дар бозори ҷаҳонӣ низ бояд рақобатпазир бошад. Барои ин воситаҳои пулиро на ба баргузор наумдани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ, балки ба сохтмони корхонаҳои саноатӣ равона кардан лозим аст”, – мегӯяд иқтисодчӣ Шавкат Каримов.

Яке аз мисолҳои барҷастаи иқтисоди навъи индустриалӣ-аграрӣ Бразилия мебошад, ки ҳиссаи саноат дар он ба 40%-и истеҳсолоти миллӣ ва бахши кишоварзӣ ба наздики 15% баробар аст.

Ба қавли доктори илмҳои иқтисодӣ Нуриддин Қаюмов, барои ноил гардидан ба ин мақсад, ба рушди бахши воқеии иқтисод, пеш аз ҳама саноат таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардан зарур аст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...