Зиёрат Киромзода: Ҳамсарамро аз мактаб – интернат интихоб мекунам

Date:

Зиёрат Киромзода хатмкардаи мактаб-интернат аст. Ӯ чанде пеш китоби нави худ – “Пешвои ятимпарвар”-ро нашр намуд, ки дар он шароити мактаб-интернатҳои кишвар, ғамхориву муҳаббати президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа инъикос карда шудааст.

– Зиёрат, дар оғоз мехостем дар бораи худ чанд сухан мегуфтед. Дар кадом мактаб-интернат таҳсил кардед ва дар кадом шароит?

– Ман дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт 8 сол таҳсил намудаам. Ин макон барои ман муқаддас аст ва онро чун хонаи умеду орзуи худ медонам. Рӯзи мо ба ду қисм тақсим шуда буд. То нисфирӯзӣ мо таҳсил менамудем, баъд хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрдем ва каме фароғат менамудем. Қисмати дуюми рӯз бо роҳбарӣ ва иштироки мураббияҳо дарсҳоямонро тайёр мекардем. Мураббияҳои мо инсонҳои воқеан ғамхору меҳрубон буданд ва мо онҳоро мисли модари хеш дӯст медоштем. Ба онҳо модар гӯён муроҷиат менамудем.

Мо-тарбиятгирандагони ин даргоҳ бо ҳам мисли хоҳару бародар будем. Нисбати ҳамдигар ғамхорӣ мекардем, кӯмак менамудем. Муаллимаҳоямон моро ҳамин тавр тарбия карда буданд.

Ин даргоҳ ба мо бисёр чизҳоро омӯхт. Меҳру муҳаббат, дӯстдории Ватан, бошарафона зистанро аз ин даргоҳ омӯхтем.

– Имрӯз, ки мактаб-интернатро тарк кардаед, бо ҳам робитае доред?

– Бале, ҳоло рафтуомад дорем. Аз ҳоли ҳамдигар хабар мегирем. Баъзе аз бародарҳои мо муаллим шудаанд, баъзеашон корҳои дагари давлатӣ мекунанд, баъзеашон ба Россия рафтаанд. Аз духтарон аксарашон шавҳар кардаанд ва зиндагии хуб доранд.

– Шароите, ки рӯзи аввали ба мактаб-интернат ворид шудан мушоҳида кардед, аз шароити вақти хатм дидаатон чӣ фарқият дошт?

– Албатта фарқ дошт. Ҳар лаҳза эҳсос мекардем, ки рӯзгори мо хуб мешавад.

Роҳбари мактаб-интернати мо Кабиров Ривоҷидин шахси ҳалиму ғамхор буд. Ӯ мисле, ки паранда ба фарзандонаш аз ҳар ҷо дона меорад, ба мо дона меовард. Моро мисли фарзанди худ дӯст медошт. Мо ҳам ӯро хеле сахт дӯст медоштем ва эҳтиром мекардем. Ҳеҷ гоҳ худро танҳо ҳис намекардем.

– Чӣ тавр ба Душанбе омадед ва донишҷӯ шудед?

– Пас аз анҷоми таҳсил ба коллеҷи омӯзгории ноҳияамон дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм намудам. Соли 2013 ба Душанбе омадам. Он замон дар Душанбе ҷойи зист надоштам. Ба қабули вазири маориф Нуриддин Саид рафтам. Чун шаб ба Душанбе расидам, дар қабулгоҳи вазир шабро рӯз кардам. Субҳи рӯзи дигар ҷаноби вазир ба кор омада, маро қабул кард ва дарди диламро шунид. Барои ба донишгоҳ дохил шудан кӯмак намуд, ки ҳеҷ гоҳ ин некии ҷаноби вазирро фаромӯш намекунам. Ба факултаи журналистикаи ДМТ дохил шудам ва онро бо баҳои аъло хатм намудам. Ҳоло унвонҷӯйи факултети филологияи Донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон ҳастам.

– Андешаи навистани китоб дар бораи мактаб-интернатҳо ва ғамхориҳои президент Эмомалӣ Раҳмон аз куҷо пайдо шуд?

– Вақте ман дар мактаб –интернат таҳсил мекардам, ҳамеша андеша менамудам, ки агар имкон пайдо шавад, дар бораи ин макони муқаддас, рӯзгори тарбиятгирандагон таҳқиқот анҷом медиҳам ва матлаби алоҳида менависам. Ин худнамоишдиҳӣ ё тамаъҷӯӣ нест, балки орзуи ҳар як тарбиятдидаи ин даргоҳ аст, ки сипоси худро ба ғамхорони худ расонад.

Ҳанӯз замони таҳсил дар мактаб-интернат дар ин мавзӯъ кор мекардам. Баъдан, вақте имкон фароҳам омад, бисёре аз мактаб-интернатҳои ҷумҳуриро гаштам, бо чашми худ дидам ва ба хулосае омадам, ки дар ин бора китобе нависам. Номи ин китоб ҳам худ аз худ пайдо шуд: “Пешвои ятимпарвар”. Воқеан ин қаҳрамонӣ аст, ки ҳар нафар наметавонад аз худ зоҳир намояд. Роҳбарони бисёре аз давлатҳоро медонам, ки ба сӯйи ин қишри ҷомеа назар намеандозанд. Аммо Пешвои мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд ва мо чандин маротиба шоҳид шудаем, ки Сарвари давлат сари кудакони ятимро сила мекунанд, бо онҳо сари як дастархон менишинанд ва суҳбатҳо менамоянд. Ин маро водор кард, ки китоб нависам ва хизматҳои Сарвари давлатро зикр намоям.

– Яъне мақсади навиштани ин китоб танҳо ибрози миннатдорӣ ба роҳбари давлат буд?

– Бале, чизе беш аз ин не. Ман аз касе чизе тамаъ надорам. Кӣ ва чӣ гуна фикр мекунад, барои ман муҳим нест, зеро қалби ман пок аст. Меҳри президентро бештар аз мо касе эҳсос накардааст. Ӯ барои мо мисли падар аст. Шиори мо тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ин аст: “Мо падар дорем, аз чизе парво надорем”. Нафаре, ки дар мактаб-интернат набудааст, ҳеҷ гоҳ моро дарк намекунад. Чун ӯ сарпарасту таъминкунандаи зиндагиашро дошт, аммо мо ғайр аз президенти кишварамон, дигар касе надоштем. Аз ин сабаб, ӯро самимона дӯст медорем.

– Бо президент ягон маротиба мулоқот намудед?

– Бо президент чанд маротиба мулоқот кардам ва ин барои ман лаҳзаи фаромӯшнашаванда аст. Аммо ин вохӯриҳо осон набуд. Баъзеҳо монеъ мешуданд. Мехостанд назди президент фарзандони мансабдорону соҳибкорон сухан гӯянд. Аммо маро Худо бо президент рӯ ба рӯ кард. Вақте ба президент китоби навиштаамро додам, он кас маро шинохтанд. Аз ман пурсиданд, ки чӣ мушкил дорӣ ва барои нашри китоб чӣ қадар маблағ сарф кардӣ. Ман ба Пешвои миллат танҳо ташаккур гуфтам. Барои ғамхорӣ дар ҳаққи ятимон, барои сулҳу субот ва оромӣ кишварамон.

– Воқеан, барои нашри китоб аз куҷо маблағ пайдо кардед?

Ба ман раиси ноҳияи Рашт Қаноатшоҳ Лоиқзода кӯмаки молӣ карданд, ки ташаккур мегӯям. Ғайр аз ин, худам шабона кор мекардам. Ду сол маблағ ҷамъ кардам. Нияти хонадор шудан доштам. Аммо ҳисси ватандӯстӣ водор кард, ки ин китобро нашр кунам.

– Тӯйро ба кай гузоштед?

– Фикр карда истодаам. Худо хоҳад боз пул ҷамъ мекунам ва шояд соли оянда тӯй барпо намоям. Арӯсамро аз мактаб-интернат интихоб менамоям ва тӯямро ҳам шояд дар ягон мактаб-интернат ё хонаи пиронсолон баргузор намоям.

– Киҳоро даъват мекунед ба тӯятон?

– Додарону хоҳарони зиёдамро, ки чанд сол якҷо таҳсил намудем, муаллимаю муаллимҳои ғамхорамро даъват мекунам. Агар имкон даст диҳад ва бо сарвари давлат мулоқот намоям, аз он кас ҳам хоҳиш мекунам, ки ба тӯйи ман ташриф оранд.

– Имрӯз дар чӣ шароит зиндагӣ мекунед ва дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

– Вақте ман дар мактаб-интернат таҳсил мекардам, ҳамеша сер будам ва парвои чизе надоштам. Чор вақт хӯрок мехӯрдам. Ҳоло, ки ба ҳаёти мустақилона  оғоз кардам, на ҳамеша шикамам сер аст (механдад).

Ҳоло унвонҷӯйи Донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон ҳастам ва дар мавзӯи “Феҳристнигории Абдулманон Насриддинов” кори илмӣ пеш мебарам. Ҳамчунин, дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат чун муҳаррири нашрияи ин донишкада ним баст кор мекунам ва 354 сомонӣ маош мегирам. Ин маблағ ба зиндагиам намерасад, зеро иҷоранишин ҳастам. Аммо кӯшиш мекунам зиндагиамро хубтар намоям. Мехоҳам бештар кор кунам, таҳсил намоям ва номзади илм шавам.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...